ДУШАНБЕ, 08.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи «Абдурраҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ»-и доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ муаррифӣ гардид.

Дар маросими рӯнамоии китоби мазкур муаллифи рисола Аслиддин Низомӣ иброз дошт, ки «Абдурраҳмони Ҷомӣ мусиқидони асил буд».

Дар баргузории ин ҳамоиши фарҳангӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, академик Носирҷон Салимӣ, ректори Консерваторияи миллӣ Фароғат Азизӣ, намояндагони Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва дигар шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ иштирок  намуда, сухан гуфтанд.

Зимни муаррифии рисолаи мусиқии Абдурраҳмони Ҷомӣ профессор Аслиддин Низомӣ зикр кард, ки то замони Абдурраҳмони Ҷомӣ дар даҳҳо рисолаҳои мусиқӣ (Форобӣ, Ибни Сино, Қутбиддини Шерозӣ, Закариёи Розӣ, Абӯҳомид Ғаззолӣ, Сафиуддин Урмавӣ ва дигарон)  мақому манзалати санъати мусиқӣ  дар ҳаёти инсон хеле мушаххас таҳлил гардидаанд. Мавлоно Ҷомӣ дар қарни 15 ин анъанаро идома дода, дар шароити хеле мураккаби таърихӣ  пайравии хешро дар баробари илм ва ҳунари волои мусиқӣ (махсусан ҷойгоҳи Дувоздаҳмақом) бо навиштани чунин рисолаи мусиқӣ баён намудааст.

Ба андешаи мусиқишиноси тоҷик, «дар назари аввал чунин менамояд, ки Мавлоно Ҷомӣ суннати машҳури таълиф кардани рисолаи мусиқиро гӯё зоҳиран риоя намуда бошад, вале аз мазмуни осори мусиқишиносии ӯ аён мегардад, ки ин шахсияти нотакрори тамаддуни ҷаҳонӣ нисбат ба ҳунари мусиқӣ ҳамчун падидаи хеле ҳам бузурги зебоӣ ва омили пурқудрати таъсиррасонӣ ба олами ботинии инсон муроҷиат намудааст. Аз ин бармеояд, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ воқеан мусиқидони асил буд».

Зимни муаррифии китоб гуфта шуд, ки асари ба илми мусиқӣ бахшидашудаи Ҷомӣ аз лиҳози такя ба осори классикони қадим пояҳои хеле устувори илмӣ дорад. Доир ба мавқеи таърихии рисолаи мусиқии Ҷомӣ дар адабиёти муосир ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Чунин расме ҳам ҳаст, ки аксари муҳаққиқон, ки шахсан худашон бо мазмуни рисолаи мусиқии Ҷомӣ шиносоии наздик надоранд, ҳатман дар пайравии ҳамдигар гаштаву баргашта таъкид месозанд, ки гӯё Ҷомӣ ин рисоларо ҳамчун як нафар мухлиси  илми мусиқӣ рӯи коғаз оварда бошад ва худ дар амали мусиқӣ коре надоштааст.

Дар хусуси то чӣ андоза донандаи саҳеҳи илм ва амали мусиқӣ будани Ҷомӣ бояд ёдовар гардид, ки худи муаллиф дар оғози рисола доир ба ин муаммо чунин навиштааст:

«Мегӯяд гӯяндаи ин роз ва созандаи ин нақши дилнавоз, ки дар унфувони шабоб, ки овони таҳсилу унвони саҳифаи қолу қил буд, ташҳизи хотирро ба тааллуми илми мусиқӣ оҳанг карда будам ва қавоиди амалии онро ба чанг оварда, гоҳ дар қавонини таълифи он лабе мекушодам ва гоҳ дар мавозини иқоъии он дасте мезадам, аммо ба воситаи тақаллуби адвор ва тағаллуби ҳаводиси лайлу наҳор хотир аз он афсона фаромӯш карда будам ва лаб аз он тарона хомӯш, то дар ин айём …аз он афсона ҳарфе ба рӯи кор орам ва аз он тарона садое дар гӯши рӯзгор бигузорам…».

Гарчанде рисолаи мусиқӣ дар охирҳои умри Ҷомӣ тасниф шудааст, мусиқишиносон дар чунин ақидаанд, ки ин рисола ҳамчунин (мисли рисолаи қофия) бо дархост ва пешниҳоди Алишери Навоӣ навишта шудааст. Дар ҳар сурат, ба андешаи мо, ин гуна ишораҳо шояд  нишонаи риояи як навъ одоби махсус (рамзи хоксорӣ, фурӯтанӣ ва ғ.) аз ҷониби  нависанда бошад, ки тибқи он муаллиф дар оғози ҳар як асараш аз он ёдовар мегардад.

Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Манбаъ: http://khovar.tj/2019/10/professor-asliddin-nizom-abdurra-moni-om-musi-idoni-asil-bud/

Чоп кунед