Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 2 октябри соли равон, дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

     Дар он Аброр Мирсаидов, профессор — шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Иброҳим Мирзозода – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Зарина Файзуллозода — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Муҳибулло Зувайдзода — директори мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе, инчунин ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ҳузур доштанд.

     Зарина Файзуллозода перомуни хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати саросарӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ибрози андеша намуда, зикр сохт, ки пешбарии номзадии Пешвои муаззами миллат ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми ин шахсият дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон буда, аз дурустии сиёсати дурандешона, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст, шаҳодат медиҳад.

Аброр Мирсаидов Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» пешниҳод шудааст, ба ҳозирин шарҳ дод. Мавсуф зикр намуд, ки барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

     Бар пояи иттилои профессор Аброр Мирсаидов, пешрафти босуботи иқтисоди мамлакат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018» ва дигар барномаҳои давлатӣ таъмин гардид. Ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ шуда истодааст.

     Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оид ба нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027 ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки барои татбиқи онҳо дар ҳафт самт – маориф ва илм; шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот; ҷавонон, занон ва варзиш; масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ; сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳиму созанда амалӣ карда мешаванд.

     Ба гуфтаи ӯ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз вартаи  нестӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат дар харитаи сиёсии дунё бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгузин намуданд.

     Иброҳим Мирзозода нақш ва мавқеи ҷавононро дар рушди давлатдории миллӣ, хосатан корҳои созандагию бунёдкорӣ мусбат арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷавонон низ бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро менамоянд. Таъкид ба амал омад, ки ҳануз соли 1992 бо ташаббуси Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон» мавриди амал қарор гирифт. Имрӯзҳо ҷавонон дар ҳама самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва маънавию сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳамзамон, ҷавонон дар амалисозии ҳама ташаббусҳои давлату Ҳукумат нақши пешсаф ва ибратбахш доранд.

     Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бар ин назар буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан нисбат ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои ваҳдати миллӣ, пешгирии шомилшавии афроди ноогоҳ ба созмонҳои ифротгаро, экстремистӣ, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҷараёнҳои тундгаро, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва дигар масоили муҳимми ҷамъиятию сиёсии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

     Гуфта шуд, ки масъулияти ҳифзи манфиатҳои олии миллӣ сарвари нави давлатро ба интихоби тарзу усули корҳои ғайримуқаррарӣ ва ҷасурона водор кард. Шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронаашон, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиашон боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд. Аз ҷумла, 28 августи соли 1993, бо вуҷуди авзои бениҳоят сангини Афғонистон, ба хотири наҷоти ҳамватанон ва ба Ватан баргардондани онҳо ба ин кишвари ҷангзада сафари расмӣ анҷом доданд. Ин сафарро расонаҳои хабарии ҷаҳон ҳамчун иқдоми ҷасурона ва қотеъонаи сарвари ҷавони давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.

     Муҳриддин Низомӣ аз интихоботи президентии соли 1994 ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ӯ ҳамон сол дар курси чоруми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекард ва раъйи худро ба номзади арзанда Эмомалӣ Раҳмон дода буд.

Иштирокдорони чорабинӣ ба ин бовар буданд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ ҷавонон барои пойдории сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, рушди иқтисод, таъмини сатҳи зиндагии арзанда, шукуфоии кишвар, пирӯзӣ ва саодати миллати соҳибфарҳанг, куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ба номзади арзанда овоз медиҳанд.

Бозорбой ХОЛОВ,

мудири кафедраи

китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ