Холаи Зинатбӣ дар бораи писараш қисса мекунаду ашк аз чашмонаш  мерезад. Зеро писари яккаву ягонаашро  дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз даст дода буд.

-Писари ман на хизматчии ҳарбӣ буду на коргари мақомот. Ӯ табиб буд. Ҳангоми аз кор ба хона  баргаштан, тири бародари тоҷикаш ба дили ӯ расиду аз олам даргузашт. Занаш бе шавҳар ва фарзандонаш бе падар монданд…

— Он вақтҳо бесарусомониҳо зиёд буданд , -мегӯяд холаи Зинатбӣ. Касе бовар надошт, ки тоҷик ин қадар гумроҳ мешаваду ба ҷанги шаҳрвандӣ роҳ медиҳад. Душманони дохилию хориҷӣ  аз фурсат истифода бурда, Тоҷикистонро ба харобазору  майдони ҷанг  табдил доданд. Дар ин ҷанг халқи тоҷик бехонумон гашт, гуруснаву ташна монд, баъзеҳо гуреза шуданд.

    Тоҷикони  гуреза  дар  мамлакатҳои ҳамсоя азоби гуруснагиву бехонагиро мекашиданд, вале имкони ба Ватан баргаштан надоштанд. Чунки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт.    Чӣ бояд кард? Касе намедонист. Барои ин ҳама мушкилиҳоро ҳал кардан  шахси қавиирода, неруманд ва ҷасур лозим буд. Шахсе, ки гурезаҳои тоҷикро ба Ватан баргардонад, диёри зебоманзари тоҷиконро обод кунад.  Кӣ ҳаст он шахст, ки ҳалли ин мушкилиҳоро ба уҳда бигирад?….

   Холаи Зинатбӣ ин суханҳоро мегуфт, ашк мерехт. Ашк гулӯгираш карда буд. Ба ӯ каме об додам. Ӯ боз ба нақлаш идома дод.

-Медонӣ, бачам, Худованд мо — тоҷиконро дӯст медоштааст. Ба ҳоли мо раҳмаш омаду  инсонеро барои мо ҳадя намуд. Ин шахс хеле ҷавон буд. Чиҳил сол дошт. Вале ақлу заковати баландаш, кордониаш  ба ӯ кумак кард. Ӯ назди мардум ва намояндагони халқи тоҷик қасам ёд кард, ки Тоҷикистонро аз ин бало, аз ин бедодгариҳо раҳо мекунад. Ӯ ваъда дод, ки ҳамаи тоҷикони гурезаро ба Ватан бармегардонад. Ин инсонро модар барои наҷоти тоҷикон ба дунё овардааст. Ҳама хуб медонем, ин мард Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин марди бузург тӯли солҳо заҳмат кашид, тоҷикони гурезаро ба Ватан баргардонд. Ҷони ҷавонашро дар хатар монд. На модару падар гуфт, на фарзанд гуфту на бародар. Танҳо Ватан гуфту Тоҷикистон. Ӯ миллати тоҷикро аз нестӣ наҷот дод.

     Баъди талошу заҳматҳои беандозаи ӯ  27-уми июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Акнун Тоҷикистон рӯз ба  рӯз ободу зебо мегашт. Ана ҳамин Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба як харобазоре мубаддал гашта буд. Мардум метарсид , ки дар кӯчаҳои ин шаҳр қадам занад. Он вақт на шаҳр монда буду на шаҳрдорӣ. Ин ҷо макони ҷанг буду хунрезиҳо.  Касе вориди ин шаҳр мешуд, бовар намекард, ки Душанбе пойтахти тоҷикон аст . Ба ин ҳама бесару сомониҳо нигоҳ накарда, ин марди дӯстдори тоҷикон кӯшиши зиёд ба харҷ дода, Душанбешаҳрро аз пештара ҳам ободу зебо гардонид . Биноҳои баландошёна, кӯчаҳои тозаву озода ба шаҳр зебу зиннат медоданд. Садои тиру туфанг нею хандаи тифлакон, чаҳ-чаҳи булбулон ба гӯш мерасад. Шукри Худо, ҳама  ҷо оромӣ. Ин хеле ҳаловатбахш аст . Дигар чӣ кор кунад ин мард ? Илму фарҳанг хеле тараққӣ кард. Мактабҳои харобгашта аз нав таъмир ва ба истифода дода шуданд. Дар деҳаҳои дурдасте, ки мактаб набуд, мактабҳои замонавӣ қомат афрохтанд.

       Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои тоҷикон  ҷонашро барои ободии диёри хеш дареғ надошт. Худ қазоват кунед, барои таъмири як хонаи худ, мо чӣ қадар заҳмат мекашем. Барои тарбияи оила бошад, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем . Тарбияи як фарзанд  ҳам мушкил аст… Офарин ба ин мард. Ӯ тамоми Тоҷикистонро ба оғӯш гирифта, барои хушбахтии мардум талош кард. Ӯ ҳамаи моро дӯст медорад . Ҳамаи модаронро мисли модари худ медонаду намегузорад, ки ашки модари тоҷик дигарбора  ҷорӣ шавад.

    Ин марди боҳиммату накуандеш бештар ба ҷавонон такя мекунад. Бинобар ин, соли 2017 — роСоли ҷавонон эълон намуд «Ҷавонон- ояндаи миллат ва баландбардори номи тоҷик аст»,-мегӯяд ӯ.

Барои ҷавонон ҳама шароит муҳайё карда шудааст. Донишгоҳу доникадаҳои нав барои хондану инкишоф додани илмашон сохта ба истифода дода шуданд.  Толорҳои варзишӣ бошанд, барои обу тоб додан ва беҳтар шудани садоматии онҳо бунёд шудаанд.

        Эмомалӣ Раҳмон  ҷавононро хеле дастгирӣ мекунад. Вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба корҳои ношоям даст мезананд. Аз ҷумла, авбошию нашъамандӣ, дуздӣ ва дигар кирдорҳои ношоистаро пешаи худ кардаанд. Ин ҷавонон миллати моро бадном ва ҷомеаро хароб мекунанд. Маҳз ҳамин ҳодисаву корҳои ношоям водор сохтанд, ки Эмомалӣ  Раҳмон бештар ба ҷавонон диққати ҷиддӣ диҳад. Ҷавонон сарвар набуданд. Касе ба онҳо аҳамият намедод. Вале ин мард барои ҷалби онҳо ба вазифаҳои гуногун  дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар Тоҷикистон аксарияти корхонаву идораҳои давлатиро ҷавонон сарварӣ мекунанд. Ин бошад ҷавононро рӯҳбаланд сохта, онҳоро муваззаф месозад, ки барои ободию шукуфоии Ватан саъю талоши бештар намоянд. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо ҷавонон бояд сидқан сиёсати пешгирифтан Пешвои худро дастгирӣ кунанд. Ваҳдати миллие, ки бо ранҷу азоби зиёд ин марди бузург ба даст омадааст, таҳким бахшанд.

      Душанбе маркази сиёсӣ ва фарҳангӣ аст. Маданияту фарҳанги мо -тоҷикон аз Душанбе оғоз меёбад. Касе, ки вориди ин шаҳр мешавад, тавассути таассуроти бардоштааш ба фарҳанги тоҷикон баҳо мегузорад. На танҳо ҷавонон, балки ҳамаи мо тоҷикон бояд ин ободию  зебоиро қадр кунем. Маданияти шаҳрдориро риоя намоем. Тоҷикистони гулгулшукуфонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

   Холаи Зинатбӣ мегуфту ман ба ҳарфҳояш гӯш меандохтам. Дилаш таскин ёфт.

Ман, бо розигии ӯ, ин нақли ҷолибро рӯи қоғази сафед овардам. Ҳангоми хайрухуш холаи Зинатбӣ ба таъкид гуфт:

-Ин садои дили мани пирро шунав ва ба дигарон расон. Бачам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун , ки ин ободию зебогӣ ба шарофати ваҳдати миллӣ аст. Пешрафти шаҳру ноҳияҳо, махсусан шаҳри Душанбе ҳосили ваҳдати миллӣ аст. Ваҳдат намебуд, тинҷию оромӣ намешуд. Мо чӣ кор мекардем? Танҳо худо медонад. Шояд тоҷик нест мешуд? Боз гаштаю баргашта мегӯям, ки  мустаҳкамии давлат аз ваҳдати миллӣ аст. Ба қадри ваҳдату Асосгузори он, ки падари миллати  тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошад, расед. Иттифоқу дӯст бошед, давлати худро ҳимоя кунед. Мо  пир шудем, вале шумо — ҷавонон Тоҷикистонро ба оғӯши гарми худ гиреду ваҳдату ягонагиро аз даст надиҳед!

PS: Ҳоло синни холаи Зинатбӣ ба 80 рсаидааст. Шавҳараш иштирокҷии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, ҳоло дар қайди ҳаёт нест.  Дар ҳама ҳолат, рӯзҳои ид ва ҷашнҳо — аз тарафи  роҳбарияти шаҳри Душанбе ба ӯ кумаки пулию  молӣ  расонида мешавад.

Муқаддас УМАРОВА, муаллими кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»