Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки эҳёи фарҳанги китобхонӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.

     Мо-ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони истиқлол аз муҳаббату самимияти беандозаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон-Тоҷикистони маҳбуб ҳастем. Аз ғамхориву дастгириҳои навбатии Президенти мамлакат миннатдорем ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро гузорем.

     Маврид ба зикри хос аст, ки  бо дастгирии бевоситаи ректори  донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва бо талошу кӯшиши, мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Сайфуллозода Бозор Сайфулло, мудири кафедраи бойгонишиносӣ Мамадазимова Майрам ва декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф дар озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ-“Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, дар бахши фарҳангшиносӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 баргузор гардид.

   Донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Алиева Гулҳайё ва Меҳроҷиддини Саид ширкат варзида, бо дипломи дараҷаи 3 ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

     Ҳамзамон, боиси ифтихор ва сарафрозист, ки ба унвони ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ва устодон Сайфуллозода Бозор, Мамадазимова Майрам ва Зафари Шариф барои иштироки фаъолонаашон дар омода кардани довталабон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” Кумитаи тадорукоти озмун изҳори сипос кард.

Зафари ШАРИФ,

омӯзгори кафедраи

китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ