16 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳамоиши идона бо иштироки устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ, коллеҷу литсейҳо баргузор гардид. Иштирокчиён бо шиору овезаҳои «Мо пайравони Пешвои миллатем!», «Шараф ба Пешвои миллат!» «Бо Пешвоямон ифтихор дорем ҷамъ омада, чорабиниро дар рӯҳияи ифтихор аз фарзанди фарзонаи миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фазои сулҳу субот, якдилию якмаромиро барои аҳли ҷомеа  фароҳам овардааст,  хушҳолона таҷлил намуданд.

   Чорабинии фарҳангӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Баъдан, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухани ифтитоҳӣ намуд. Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам аз дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат дар боло рафтани вазъи иҷтимоии мардум, ободии шаҳр,  равона намудани таваҷҷуҳи бештар ба ҳаёти иҷтимоии ҷавонон  ёдовар шуданд.

  Ин чорабинии пуршукӯҳ бо барномаи консертӣ, ки дар он ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, салистони ансамблҳои давлатӣ ва дастаҳои рақсӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд анҷом ёфт.

Пешвои тоҷикону Тоҷикистон зинда бош!

Офтоби нурпоши рӯ ба ҷавлон зинда бош!

Сулҳ меорам ба мардум гуфтанат дар ёд ҳаст,

Родмарди поктинат, поквиҷдон зинда бош!

Қ. САИДОВ,

сармутахассиси тарбияи донишкада,

Н. ГУЛОВ,

мудири бахши ҷавонони донишкада