Бо ташаббуси кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, бойгонишиносии факултаи  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи  «Пешвои муаззами миллат ва уфуқҳои рушди фарҳанг»  баргузор гардид. Дар он  декани факулта Зафари Шариф мудирони кафедраҳои тахассусӣ ширкат варзиданд.

   Маҳфилро мудири кафедраи бойгонишиносӣ, Мамадазимова Майрам  бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ба гуфтаи ӯ, маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» маротибаи чорум аст, ки дар синфхонаи бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ муҷаҳҳаз баргузор мегардад. Ҳадафи асосии баргузории маҳфил ҷалби магистрон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯён ба пажӯҳиш ва пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ номзади илмҳои педагогӣ, профессор Холов Бозорбой перомуни иқдомҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба тақвими иду ҷашнҳои миллӣ ворид намудани санаи 4-уми сентябр «Рӯзи китоб», бо теъдоди  зиёд нашр кардани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», бознашри силсилаи осори адибони классику муосири тоҷик таҳти унвони «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», зиёд намудани чопи китобҳои бадеӣ ва дар як сол хондани на камтар аз 5 китоби бадеӣ андешаронӣ намуданд.

Мавсуф пешниҳод намуд, ки дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ озмуни «Китобхони беҳтарин», баргузор намуда барои ғолиби ҷои аввал 1000 сомонӣ  ҷои дуввум 600 сомонӣ ва ҷои сеюм 400 сомонӣ маблағ муқаррар карда шавад.

   Сипас, дотсенти  кафедраи  бойгонишиносӣ Шарофуддинов  Сӯҳроб дар мавзӯи «Нақши дастгоҳи илмӣ-маълумотдиҳӣ дар ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ» ибрози назар намуда, паҳлӯҳои комплект кардани хазинаи бойгонии миллӣ, усулҳои истифодаи ҳуҷҷатҳо, ташхиси ҳуҷҷат ва танзими сохтори дастгоҳи маълумотдиҳӣ мавриди мубоҳиса ва мунозираи устодону донишҷӯён қарор гирифт. Чуноне,  ки маърӯзачӣ Шарофуддинов Сӯҳроб қайд намуд “…яке аз проблемаҳои мубрами кори бойгонидории имрӯза дар Тоҷикистон, ин дуруст тартиб додани рӯйхати сарчашмаҳои комплект кардани бойгонӣ, ки дорои хусусиятҳо ва нозукиҳои худ мебошад, ба шумор меравад.

        Дар охир ба чанд суоли ҳозирин посух гардонида шуд.

Шариф НАБОТОВ,

муовини декани

факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносӣ