Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаҳои китобдориву  китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода,  дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ  дар мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг қабул шуданд, ки дар пешрафти соҳаи китобу китобдорӣ нақши муҳим бозиданд. Бахусус, саъю  талошҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар заминаи суннатҳои мавҷудаи фарҳангӣ ва анъанаҳои арзишманди китобу китобдории миллӣ бо истифода аз таҷрибаи  пешқадами китобхонаҳои давлатҳои рушдёфта ва меъёрҳои байналмилалӣ  соҳаи  китобдорӣ дар Тоҷикистон ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Мавриди истифода қарор гирифтани  бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашри асарҳои  бадеию таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, афзудани  шумораи мағозаҳои  фурӯши китоб ва баргузории чорабиниҳои гуногун, озмуну фестивалҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва амсоли инҳо  на танҳо дар  замони истиқлолият, балки дар таърихи китобдории миллати тоҷик  дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад.

Мутолиаи китоб  дар рушди ҷамъияти инсонӣ мақоми барозандае дошта, андешаву ахлоқи инсонро борвар месозад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти китобу китобдорӣ, аз ҷониби Пешвои миллат дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар сол 4-уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифта шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат меҳру муҳаббат ба китоб ва шавқи китобхониро дар ҳаёти сокинони сарзаминамон дубора эҳё намуд, мақоми онро дар тавсеа ва рушди фарҳанги ҷомеа ба унвони воситаи таъсирбахшу коромаде баланд бардошт. Президенти мамлакат ташаббускору илҳомбахши пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар буда, ҳамеша дар мулоқоту вохӯриҳо, паёму суханрониҳои хеш ҷавононро ба омӯхтан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ даъват менамоянд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба пешафту тараққии кишварамон ноил гардем.

Хониш ва талоши андӯхтани дониш дар назди миллати мо кори хеле муътабар аст. Аз ин рӯ, мақоми Румию  Саъдӣ,  Ҳофиз ва дигар абармардони адабиёти куҳанбунёдамон бидуни шубҳа, барои мо хеле баланд аст. Ин бузургон бешак оинаи тамомнамои ҳастии миллати мо мебошадн.

Маврид ба зикр аст, ки барои ташаккул ва рушди фарҳанги китобу китобхонӣ ду корро бояд анҷом дод: нахуст, бояд таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ оид ба вазъи китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дуюм, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа таҳия гардад ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ на чорабиниҳои мавсимӣ, балки корҳои амалию таъсирбахш анҷом диҳанд. Роҷеъ ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо карда шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ, махсусан хониши бамулоҳиза шинос шаванд.

Бо муаррифии ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ таблиғ шавад. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа — мавҷудияти дониш ва иттилооти фаровон аст. Чунин иттилооту донишҳо танҳо бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар васоити илмию адабӣ ба даст меояд.

Ба назари мо, рушди китобхонаҳои давлатию оммавӣ ва таъмини онҳо бо адабиёти тозанашр ва муфид, чи коғазӣ ва чи  электронӣ низ аз ҷумлаи тадбирҳои муфид ва саривақтӣ хоҳад буд. Бояд таблиғоти китобҳои хонданию манфиатбахш дар расонаҳо, бахусус дар шабакаҳои телевизионӣ хеле густурда ба роҳ монда шавад. Барномаи телевизионӣ дар бораи китобҳои тозанашри кишвар, ки пахши он бо ибтикори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба китоб шурӯъ шуд, иқдоми хеле муҳим дар ин самт мебошад.

Тавассути ин барнома, ки моҳе ду маротиба пахш мешавад, ба муаллимону олимон ва фарҳангиёну андешамандони миллат, ки дар тавлиди китобу дониш саҳми бевосита доранд, даъват шаванд, то дар бораи нақшу мақоми китобу дониш дар зиндагии инсон маълумоти бештар диҳанд, мардумро ба мутолиаи китоб тарғибу ташвиқ кунанд.

Боиси  шодмонӣ  ва  шукургузорист, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки  дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ  гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни  қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, доктор (PhD), аспирантҳо ва  шаҳрвандони кишвар бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ҷараён дорад.

Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ,  бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав  барои ҷалби наврасону  ҷавонон ба китобу китобхона  тадбири  мубраму саривақтӣ  ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду  босавод ва дорои  маърифати  сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи  дасисаҳои  муғризона нахоҳанд шуд.

Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тадбирҳои муассир андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар байни донишҷӯён пайваста озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ташаккул дода, сатҳи маънавиёти онҳоро баланд мебардорад.

Зикри як нукта басо муҳим аст, ки бо ибтикори факултаи  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва дастгирии раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар назди факултаи мазкур Китохонаи адабиёти бадеӣ  мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон китобхона дорои наздик ба 1000 нусха китоб буда, онҳо аз рӯйи номинатсияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. Аз китобхонаи мазкур устодон,  магистрон, докторантон аз рӯйи ихтисос  (PhD), унвонҷӯён ва кормандони донишкада истифода бурда метавонанд.  Воқеан, дар ин ҷаҳони пур аз афкору андеша ва таълимоту ғояҳои пуртазод баҳри тарбия ва такомули инсони комил муҳимтар аз китоб воситаеро дарёфтан душвор аст.

Мусаллам аст, ки тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳимро дорост, вале ҳидоят ва таъсири маънавии  падару  модар ва ёру бародарон ҳамоно муассиртар аст. Хурсандиовар аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки имрӯз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар саросари кишвари азизамон –Тоҷикистон ҷараён дорад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии хониш равона гардидааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки  бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат имрӯз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар  ва  мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа беш аз пеш баланду устувор гардидааст.  Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз зумраи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрӯзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд гардида, ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон баҳри  ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ пайваста саъю талош хоҳанд кард.

 

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»