Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи китобдориро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода,  дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ  дар мамлакат як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг қабул шуданд, ки дар пешрафти соҳаи китобу китобдорӣ нақши муҳим бозиданд. Бахусус, саъю  талошҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд.

    Дар заминаи суннатҳои мавҷудаи фарҳангӣ ва анъанаҳои арзишманди китобу китобдории миллӣ, бо истифода аз таҷрибаи  пешқадами китобхонаҳои давлатҳои пешрафта ва меъёрҳои байналмилалӣ,  соҳаи  китобдорӣ дар Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ рушди бесобиқа намуд. Бунёд ва мавриди истифода қарор додани  бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашри асарҳои  бадеию таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, бавижа асари бунёдии аллома Бобоҷон Ғафуров — “Тоҷикон” ва аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оила туҳфа шудани он, афзудани  шумораи мағозаҳои  фурӯши китоб, баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, озмуну фестивалҳо, ҳамоишҳои илмӣ ва амсоли инҳо  далели гуфтаҳои фавқуззикр мебошанд.

    Мутолиаи  китоб  дар рушди ҷамъияти инсонӣ мақоми барозандае дошта, андешаву ахлоқи инсонро борвар месозад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти китобу китобдорӣ, Пешвои миллат 4-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи китоб эълон карданд ва он ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдоми Сарвари давлат меҳру муҳаббат ба китоб ва шавқи китобхониро дар байни сокинони мамлакат дубора бедор намуд, мақоми онро баланд бардошт ва дар рушди фарҳанги ҷомеа ба унвони воситаи таъсиррасон дар шуури мардум такони ҷиддӣ бахшид.

    Президенти мамлакат ташаббускору илҳомбахши пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар буда, ҳамеша дар мулоқоту вохӯриҳо, паёму суханрониҳояшон ҷавононро ба омӯхтан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ даъват менамоянд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба пешафту тараққии кишварамон ноил гардем.

    Маврид ба зикр аст, ки барои ташаккул ва рушди фарҳанги китобу китобхонӣ ду корро бояд анҷом дод: нахуст, бояд таҳқиқоти ҳамаҷониба ва амиқи илмӣ оид ба вазъи китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дуюм, баъд аз анҷоми ин кор бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхонӣ таҳия гардад ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Вазорату идораҳои дахлдор бояд дар баробари тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ ва гузаронидани чорабиниҳои мавсимӣ, корҳои амалию таъсирбахш низ анҷом диҳанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб вақт ҷудо карда шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ, махсусан хониши бамулоҳиза шинос шаванд.

     Бо муаррифии ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, бояд китобхонаҳои шахсӣ аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ таблиғ шаванд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа ин доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Чунин иттилооту донишҳо танҳо бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар васоити илмию адабӣ ба даст меоянд.

     Ба назари мо, рушди китобхонаҳои давлатию оммавӣ ва таъмини онҳо бо адабиёти тозанашр, чи коғазӣ ва чи  электронӣ низ аз ҷумлаи тадбирҳои муфид ва саривақтӣ хоҳад буд. Бояд таблиғу ташвиқи асарҳои адибони классику муосири тоҷик ва осори шоирону нависандагони маъруфи кишварҳои хориҷӣ дар расонаҳо, бахусус дар шабакаҳои телевизионӣ хеле густурда ба роҳ монда шавад. Барномаи телевизионӣ дар бораи китобҳои тозанашри кишвар, ки пахши он бо ибтикори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб ва роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба китоб шурӯъ шуд, иқдоми хеле муҳим дар ин самт мебошад.

     Ба ин барнома, ки моҳе ду маротиба пахш мешавад, бояд шоирон, нависандагон, устодони муассисаҳои зинаҳои гуногуни таҳсилот, олимон ва фарҳангиёну андешамандон даъват шаванд, то дар бораи нақшу мақоми китобу дониш дар зиндагии инсон маълумоти бештар диҳанд, мардумро ба мутолиаи китоб тарғибу ташвиқ кунанд.

     Боиси  шодмонӣ  ва  шукургузорист, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки  дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

    Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ  гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни  қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, доктор (PhD), аспирантҳо ва  шаҳрвандони кишвар бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  роҳандозӣ гардид.

      Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ,  бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав  барои ҷалби наврасону  ҷавонон ба китобу китобхона  тадбири  мубраму саривақтӣ  ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду  босавод ва дорои  маърифати  сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи  дасисаҳои  муғризона нахоҳанд шуд.

     Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он ҳам ба китобу китобхонӣ рабт дорад, ин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” мебошад. Озмун таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дар бар гирифта, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11); донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр); омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун метавонанд ширкат варзанд.

     Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.

    Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” тадбирҳои муассир андешида, дар ин самт як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар байни донишҷӯён пайваста озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ташаккул дода, сатҳи маънавиёташонро баланд мебардорад.

     Зикри як нукта муҳим аст, ки бо ибтикори факултаи  китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ва дастгирии раёсати донишкада дар назди факултаи мазкур Китохонаи адабиёти бадеӣ  мавриди истифода қарор гирифт. Аз китобхонаи мазкур устодон,  магистрон, докторантон аз рӯйи ихтисоси  (PhD), унвонҷӯён ва кормандони донишкада истифода мебаранд.

    Мусаллам аст, ки тарғибу ташвиқи фарҳанги мутолиаи китоб тавассути васоити ахбори омма аҳамияти муҳимро дорост, вале ҳидоят ва таъсири маънавии  падару  модар ҳамоно муассиртар аст. Хурсандиовар аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки имрӯз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар саросари кишвари азизамон –Тоҷикистон ҷараён дорад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ба оммавигардонии хониш равона гардидааст.

    Ҳамин тавр, ба шарофати сиёсати маорифпарварона ва ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат имрӯз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар  ва  мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа беш аз пеш афзуда истодааст. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз зумраи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрӯзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд гардида, ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон баҳри  ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ пайваста саъю талош хоҳанд кард.

 

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ ва

иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»