Дар охири асри ХХ ва даҳсолаи асри ХХ1 масоили марбут ба экология ва ҳифзи муҳити зист аз масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон гардидаанд. Ба ифлосшавии муҳит натанҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ, нақлиёт ва ғайра, ки партовҳои зиёди истеҳсолии ба саломатии инсон ва муҳити зист зарарнокро ба табиат мепартоянд, балки инсонҳои алоҳида низ сабаб мешаванд, ки хошок ва партовҳои рӯзгорро ба ҳар ҷое, ки рост ояд ва наздик бошад мегузоранд, дарахтонро мебуранд, кабудизорҳоро нест мекунанд, ҳатто ҳайвоноти нодирро шикор карда, ба камшавии саршумори онҳо сабаб мешаванд, гиёҳҳои шифобахшро решакан карда, мувозинати табиатро вайрон менамоянд.

     Аз ин рӯ, ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад.

     Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки қабл аз ҳама ҳимояи генофонди миллатҳоро низ дар назар дорад, аз масоили муҳиму мубраме маҳсуб меёбад, ки айни замон дар мамолики зиёди ҷаҳон вазъи нигаронкунанда ва ҳаллаш ниҳоят душворро фаро гирифтааст. Дар ин робита , аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва татбиқи “Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар таҳкими дониш ва нисбатан баланд гардидани маърифати экологии шаҳрвандони ҷумҳурӣ нақши муҳим бозида тавонист, ки то андозае масъулияти сокинони кишварро дар ин самт афзоиш бахшад.             Дар баробари ин, тайи 20 соли охир ин самти ҳаётан муҳими ҷомеаи тоҷик бо тамоми гиреҳҳои бозу ниҳон, осониҳову мушкилот ва заруриятҳову  манфиатҳояш дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, аз минбарҳои гуногуни сатҳи ҷумҳурию ҷаҳонӣ доир ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини нишондиҳандаҳои экологӣ даҳҳо пешниҳодҳои судмандро иброз намудаанд. Дар ин радиф, бавижа хулосаву пешниҳоди Пешвои миллат доир ба истифодаи оқилонаи об ва истеҳсоли “энергияи сабз” дар саросари олам ҳамовозӣ ва ҷонибдории миллионҳо сокини сайёраро фаро гирифтааст. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 иброз намудааст: “Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи  истеҳсоли “энергияи сабз ” кишвари  мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад”.

     Ин нишондиҳандаҳоро агар ба теъдоди умумии давлатҳои дар Созмони Миллали Муттаҳид сабти номшуда, ки зиёда аз 210 шумораро ташкил медиҳад ва дар ҳоле ки бунёди сарчашмаҳои тавлиди нерӯи барқи “тоза” – гидроэлектростансияҳои ҳаҷман хурду бузург дар кишвар рӯз аз рӯз вусъати бештарро касб менамоянд қиёс намоем, воқеан ҳам, ҳар як фарди мамлакат асос барои болидан ва ифтихор кардан аз чунин макони зист доштанро дар ихтиёр дорад.

     Дар ин робита, инчунин ҷоиз ба зикр аст, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли “энергияи сабз” дорои имкониятҳои фаровон ва захираҳои барқароршавандаи қатънашаванда буда, дар сурати истифодаи захираҳои табиӣ метавонад тақрибан  4% иқтидорҳои барои ҷаҳон муқарраршударо тавлид намояд. Таври мисол, Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон лорад, ки то соли 2050 коркардаи энергияи “сабз”- ро ду баробар афзун гардонад, ки оид ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар мунозираи мавзӯии сатҳи баланди СММ “Баамалбарории фаъолият дар соҳаи иқлим” ибрози назар намудааст.

        Ҳамин тариқ, метавон бо итминони комил зикр намуд, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли энергияи сабз ё бо дигар ифода тавлиди нерӯи барқи “тоза” барои ворид шудан ба бозори умумиҷаҳонӣ пурра омода шудааст.

      Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо аз лиҳози истеҳсоли энергияи “сабз” ва ҳаҷми ками партови газҳои гулхонаӣ дар ҷомеаи башарӣ мамлакати пешсаф маҳсуб меёбад, инчунин сурати “истифодаи нерӯи барқи “тоза”и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд”, таъкид намудааст Пешвои миллат дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      Азбаски ҳифзи муҳити зист ва умуман вазъи экологӣ ба масоили вобаста ба об пайванди ногусастанӣ доранд, бинобарин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз ду даҳсола аст, ки ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар саросари ҷаҳон ҳамчун мубаллиғ, вассоф ва ташаббускори ҳалли масоили об муаррифӣ гардидааст. Зеро, маҳз туфайли ибтикорот, ҷаҳду талошҳои пайвастаю пайгирона ва матонату суботкории Президенти мамлакат ҳалли масоили вобастаи об тайи беш аз ду даҳсола аст, ки дар рӯзномаи кории СММ ва соири мамолики ҷаҳон қарор гирифтаанд. Таври мисол, бо ташаббуси Пешвои миллат дар идомаи 20 соли охир ба ҳалли масъалаи об дар саросари ҷаҳон 4 маротиба, аз ҷумла соли 2003 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабули Қатънома оид ба эълон гардидани “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва ниҳоят, солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал –“Об барои рушди устувор”, ки ҳадафи ниҳоии онҳо бо чашми хирад нигаристан ба ҳалли оқилонаи истифодаи об дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, ҳифзу нигаҳдории захираҳои обии Сайёра, сарфакорона, сирфан барои таъмини эҳтиёҷот дар зиндагӣ ва рушду тараққии ҷомеа масраф намудани об ва соири дигар масоили ин самти рӯзгори оламиёнро фаро гирифтаанд.

        Масъалаи дигаре, ки ба ҳифзи экология бевосита робита дорад ин ҳифзи пиряхҳои кишвар аст, ки тайи чанд соли охир бо суръати баланд дар ҳоли обшавӣ ва азбайнравӣ қарор дошта, хатарҳои зиёд шудани селобҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар зуҳуроти гидрометеорологӣ гардида, натанҳо ба иқтисодиёт, инчунин ба муҳити зист ва экология низ зарар ва таъсири манфӣ мерасонад.

         Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқибатҳои ногуворӣ ин падидаи хатарзо аҳли башарро дар ҷараён гузошта, пешниҳод намуд, ки соли 2025 дар чаҳорчӯбаи СММ ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда, инчунин санаи мушаххаси “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муайян карда шавад.

       Ҳамн тавр, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баҳодиҳӣ, вазъи экологии ҷумҳурӣ ва умуман ҷаҳони муосир дар фаъолияти серҷабҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу мақоми махсус дошта, натиҷаи амалкардоҳои он бурдбориҳои зиёдеро ба бор овардаанд. Аз ҷумла масъалагузорӣ, ҳаллу фасли таҳия ва татбиқи чандин пуруҷаҳои дохилию байналмилалӣ, ташаббусҳои самаровари сатҳи байналмилалии моҳияти экологӣ дошта, бунёди даҳҳо неругоҳҳои хурду бузурги барқи обии истеҳсолкунандаи энергияи “сабз” дар дохили ҷумҳурӣ, сохтмони миқдори зиёди иншоотҳои ба талаботи экологӣ мутобиқ, пешбурди корҳои амалӣ ҷиҳати соҳилмаҳкамкунӣ, наҷоти деҳаҳои мувоҷҷеҳи хатар ва садҳо дигар тадбирҳои ба ҳифзи муҳити зист ва экология нигаронидашуда, аз масоилеанд, ки тайи тамоми солҳои роҳбарӣ дар мадди назар ва фаъолияти Сарвари давлат қарор гирифта, ба амал бароварда шудаанд..

                                                                 Б. Сайфуллозода,

                                             номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

                                                                А. Воҳидов

                                Сардори МТХТ  ДДФСТ ба номи М.Турсунзода