Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 12 октябр дар Театри таълимии донишкада брифинги Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодаро  оид ба  натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути экрани калон намоиш дода шуд, тамошо карданд.

     Бар пояи иттилои Бахтиёр Худоёрзода, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона, шаффоф ва демократӣ доир гардида, дар раванди он 159 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз  Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай,  Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, сафоратхонаҳои  муқими Тоҷикистон ва 15108  нафар мушоҳидони миллӣ иштирок намуданд.

     Ба гуфтаи раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49 раъй доданд. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани раъйи 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар интихобкунанда ё худ 90,92% Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

      Пас аз тамошои брифинги Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли толор аз ҷой бархоста, таҳти шиорҳои «Пешвои миллат рамзи саодату осудагии давлату миллат аст», «Зиҳӣ Пешвои бунёдкору созандаи миллат», «Ҷавонон пайравони  Пешвои миллатанд», «Пешвои миллат, мо бо Шумоем!», «Шараф, шараф, шараф!» кафкӯбии бардавом намуданд.

    Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ пирӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли нишаст-устодону донишҷӯён табрик намуда, иброз дошт, ки сокинони Тоҷикистон дар интихобот ба тарафдории сулҳу субот дар ҷомеа, рушди устувори кишвар ва ояндаи беҳтари мардуми он раъй доданд. Аз ин лиҳоз, ба қадри ин абармарди дунёи сиёсату маърифат расидан, номашонро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаашонро идома додан — ин қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст. Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, инсони наҷибу покизаниҳоду хайрандешанд ва ҳамчун Сарвари давлат сиёсати фарогиру хирадбунёд доранд, сиёсате, ки ҷавҳараш шукуфоии мамлакат ва некӯаҳволии мардум аст.

         Мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ҳозиринро ба муносибати аз нав интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд ва зикр сохт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон насли ҷавони дорои тафаккури давлатӣ ва содиқ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ба камол расид ва итминон ҳосил кард, ки ин раванд дар оянда боз ҳам густариш меёбад.

     Ҳозирин ба ин назар муътақид буданд, ки бо иқдоми бунёдкоронаю созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт соли оянда барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон роҳи васеъ боз мегардад ва ба наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зебо ба мерос гузошта мешавад.

Додоҷон РӮЗИЕВ