Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», таҷлили ҳамасола ва бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи Китоб, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ нақши калидӣ бозиданду мебозанд.

Ин нуктаро Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар Конфронси ҷумҳуриявӣ бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ», ки 13 ноябри соли равон дар донишкада баргузор гардид, ироа намуд. Мавсуф перомуни хизматҳои шоистаи Сарвари давлат дар рушди фарҳанги миллӣ ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд.  Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Ректори донишкада ёдовар шуд, ки маҳз бо ибтикори Сарвари давлат  дар Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 26 июни соли  2011, толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун  ба истифода дода шуданд. Дар ин  чорабинии фарҳангӣ аввалин маротиба Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дод.  Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид.

Муҳаммадулло Табаров, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи маҳорати актёрии донишкада, дар мавзӯи “Симои Пешвои миллат дар драматургияи миллӣ” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таърихи миллату давлатдории навини мо бо исму корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст. Агар бозтоби чеҳраи ин сиёсатмадори муаззам дар адабиёт, кинематография, санъати мусиқӣ, тасвирӣ, ороишиву амалӣ ва суратгирии бадеӣ то андозае амалӣ шуда бошад, дар театр ин раванд акнун оғоз ёфта истодааст.

Рӯи саҳна овардани симои Сарвари давлат аз ходимони театр масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. Адибони шинохта Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин дар асари худ «Свет маяка» («Нури мино») аввалин шуда кӯшиш ба харҷ доданд, ки раванди ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии Президенти мамлакатро дар оғози фаъолияти сиёсиашон, яъне дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашонро мавриди таҳқиқи амиқ қарор дода, тавонистаанд муҳити онвақтаи ҷомеаро хеле устокорона бозгӯ намоянд. Фактҳои таърихӣ ва тахайюлоти нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор дар асари саҳнавии “Худоназаркарда” чунон ба ҳам тавъам омадаанд, ки раванди дуру дарози истиқрори сулҳро дар кишвар хеле дақиқкорона инъикос намудаанд. Чеҳраҳои тахайюлии офаридаи драматург низ чун шахсони воқеӣ пешорӯи хонанда рӯнамо гардида, дар маҷмӯъ, симои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро инъикос менамояд. Ҳамзамон, аз назари борикбини хонанда ниҳон нахоҳад монд, ки аксари онҳо прототипи шахсони воқеӣ мебошанд.

Ба гуфтаи Маҳмадулло Табаров, ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, идеяҳои наҷиб ва талошҳои хастанопазирашон дар роҳи шукуфоии кишварамон мавзӯъҳое мебошанд, ки аз як ҷиҳат барои драматургия ва театр нав ва аз ҷониби дигар хеле ҷолиб мебошанд. Ҳоло мо дар саргаҳи ин раванди барои худшиносии миллиамон муҳим қарор дорем. Бо зикри дастовардҳои ноилшуда изҳори умедворӣ менамоем, ки моро дар ин самт корҳои наҷиб дар пешанд.

Мавзӯи дигари конференсия “Пешвои миллат  ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон”  буд, ки муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алишер Авғонов мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Зикр сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо ҷасорату сиришти пок ва фитрати азалӣ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишаста, давлатдории навини миллии тоҷиконро бунёд гузоштанд. Бидуни шак, тамоми дастовардҳо ва муваффақиятҳои даврони соҳибстиқлолии миллати тоҷикро, ки кам ҳам нестанд, наметавон бе ҳузури Пешвои муаззами миллат тасаввур кард.  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон нахустин тоҷике мебошанд, ки дар маснади бузурги сарварӣ нишаста, миллатро алорағми тамоми таззодҳову мушкилиҳо, бо хиради фитрию ҷасорати бемисл дар сатҳи ҷаҳонӣ ба унвони як миллати дорои таърихи дерина, соҳиби фарҳангу адабиёти бузургу мутамаддин ва рӯҳи шикастнопазир муаррифӣ намуданд.

                

Рудоба Мустаҷобова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, зимни суханронӣ  зикр сохтанд, ки рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатии имрӯзаи кишвари маҳбубамон аз фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди арсаи сиёсат ибтидо мегиранд. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот диҳанд, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашанд, ҷинояткоронро авф намоянд, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷбориро ба Ватан баргардонанд, аркони давлатдориро аз нав бунёд ва эҳё созанд.

Дар Конфронси ҷумҳуриявӣ бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ», инчунин мавзӯъҳои “Пешвои миллат ва ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон”, “Рисолати Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ”, “Пешвои миллат-эҳёгари ҷашнҳои миллӣ”, “Пешвои миллат ва истиқлолияти фарҳангӣ”, “Уфуқҳои сиёсати китобдории Пешвои миллат”, дар маҷмӯъ беш аз 30 маърӯзаи илмӣ шунида шуд, ки фарогири фаъолияти гуногунҷанбаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Дар доираи Конфронси ҷумҳуриявӣ бо унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» шеърҳои «Ватан», «Пешвои миллат», «Душанбе», «Парчами мо», «Ӯ ҷони миллат аст» ва рақсҳои ҷолиб дар иҷрои устодону донишҷӯён манзури ҳозирин гардонида шуданд.

   

 

Додоҷон РӮЗИЕВ