Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарди ватанпараст ва ояндабин аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Роҳбари давлат таҳсил ва тарбиятро василае шинохтанд, ки аз тариқи он миллат ба бедории замир ва худогоҳӣ мерасад. Дарвоқеъ, пешрафт ва саодати ҳар миллат ба чи тариқ ҷараён гирифтани маориф ва фарҳанги он пайванди ногусастанӣ дорад. Ин нуктаи муҳим ва бунёдсоз ҳамасола дар Паёмҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ва таъйид меёбад. Маориф соҳаи афзалиятнок ва калидӣ дар ҷомеа буда, пойгоҳи маҳкам ва устуворест, ки рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба он ҳабмастагӣ дорад. Роҳбари давлат дар ислоҳу таҷдиди низоми маориф корҳои шоёни таҳсинро анҷом додаанд, ки ин сиёсати маорифпарваронаашон торафт густариш меёбад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон доштанд, ки дар ҳақиқат густариш ва такомули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар замони истиқлолият аз масоили муҳими ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ба шумор меояд. Агар кулли сокинони кишвар, махсусан насли тозараси ҷомеа, ки неруи пештози ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд, аз маърифати ҳуқуқӣ огоҳ бошанд, бедорӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри амну осоиштагии давлату миллат саҳми боарзиш мегузоранд ва бидуни тардид ҳеҷ гуна созмону ҳаракатҳои тундрав онҳоро гумроҳ ва ба роҳи ғалат ҳидоят карда наметавонанд. Набояд фаромӯш намуд, ки ҳар гуна қонуншиканӣ ва содир намудани ҷиноят аз бархурдор набудан аз донишҳои ҳуқуқӣ сар мезанад. Мусаллам аст, ки эълони соли маърифати ҳуқуқӣ барои боз ҳам баланд бардоштани тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон имконияти густурдаеро дар ихтиёри аҳли ҷомеа хоҳад гузошт. Тазаккур бояд дод, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар дараҷаи на он қадар беҳтар қарор дорад, ки ин бешубҳа ба раванди рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар монеа эҷод мекунад. Пешрафти давлати тараққиёфта бо доштани маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандони ҳамон давлат иртибот дорад. Аз ин нуқтаи назар дастандаркорони низоми маорифро мебояд, ки барои равнақу ривоҷ ёфтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар кулли муассисаҳои таҳсилотии кишвар новобаста ба шаклашон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои шоистаи ҳуқуқиро бо иштироки ҳуқуқдонҳову шахсиятҳои шинохтаи ҷомеа роҳандозӣ кунанд, то ки ба ин васила комёбиҳои қобили таваҷҷуҳ ба даст ояд.
Дар зимн бояд таъкид намуд, ки Пешвои муаззами миллат ба рушди зеҳнии ҷавонон аҳаммияти махсус дода, хостори онанд, ки ин қишри ояндасози давлату миллат дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо андешаву ормонҳои солим, садоқату матонат, худогоҳиву ватандӯстӣ дар ҳувияти миллӣ ва мавқеи хеш бояд қавӣ ва устувор бошанд. Тавре ки дар Паём таъкид ба он намуданд, ки: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ҳалли мушкилоти онҳо бо истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмину амнияти суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонони мо аз ҷавонони солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Онҳо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ доранд”. Аз ин дидгоҳ ҷавонони даврони истиқлолро мебояд, ки сазовори боварии Пешвои миллати хеш бошанд ва паёмҳои ҳикматбори Роҳбари давлатро шиор дар рӯзгори хеш кунанд.
Пешвои миллат дар баробари мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат ба болоравии сифати таълиму тарбият ва омодасозии мутахассисони соҳа, ба масъалаҳои бунёдии соҳа, аз ҷумла, шароити зисту зиндагонии аҳли маориф ҳамасола таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Таваҷҷуҳ ба ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, ки тавассути мутассил афзун кардани музди меҳнат таҷассум меёбад, қариб дар ҳамаи паёмҳои Пешвои миллат ба ҳукми анъана даромадааст. Боиси хушҳолии мост, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ин анъана боз ҳам такрор ёфт. Зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ барои баланд бардоштани маоши кормандони соҳа, идрорпулии донишҷӯён ва толибилмони мактабҳои миёнаи касбӣ, сохтмон, таъмир, барқароркунӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ, маблағгузорӣ ҳамеша дар мадди назар буда ва мондааст. Дар Паёми навбатӣ ҳам Пешвои миллат зикр намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва идрорпулии донишҷӯён 40% зиёд карда мешавад. Ин иқдоми шоиста шаҳодат аз он медиҳад, ки Сарвари давлат ба сиёсати дурбинона ва шаффофи хеш ҳамеша маорифро ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа шинохта, ба рушди ҳамаҷонибаи он аз тамоми имконоти мавҷуда кор мегиранд, то маорифи миллии мо ҳамқадаму ҳамрадифи ҷаҳони муосир бошад.
Возеҳ аст, ки ҳар давлат бо мақсади пешрафти ҳаёти ҷомеа ба маориф такя мекунад. Ташаккул ва рушди маориф ба кӯшишоту сарсупурдагии соҳибони он миллат марбут аст. Миллати муваффақ он миллатест, ки дар радифи замони худ қадам бардошта, баҳрабардорӣ аз навгониҳои муосири таълиму тадриси посухгӯ ба ҷаҳони имрӯзро дар муассисаҳои таълимии кишвар фароҳам меорад. Барои бартараф намудани нуқсону камбудиҳои ҷойдошта ҷидду ҷаҳд мекунад. Дар давраи истиқлолият ин шоистагӣ ба мо ҳам насиб гардид. Истеъдодҳои зиёди ақлонӣ рӯи кор омада, бо ақлу хиради фитрии хеш дар миқёси ҷаҳон муаррифгари давлату миллат шуданд. Вале ҳанӯз ин кам аст. Онро ҷустану кашф кардан ва дар зимн онро тарбият намудан вазифаи масъулини соҳа буда, роҳу усулҳои самарабахшро тақозо менамояд.
Сарвари давлат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ на фақат соҳаи маорифро аз ҳолати буҳронӣ бароварданд, балки заминаҳои устувори моддӣ ва маънавиро барои рушди тадриҷӣ ва босамари мактабу маориф муҳайё сохтанд. Пешвои миллат дар баробари роҳбарии сиёсӣ роҳбарии маънавии ин соҳаи афзалиятнокро бар уҳда гирифта, роҳи сареҳи инкишофро муайян намуданд. Масъалаҳои моддӣ ва маънавии пешрафти соҳа дар тамоми ин давра дар маркази диққати Сарвари маорифпарвари миллат қарор гирифта, дар ин замина ба иловаи суханрониҳояшон таълифоти ҷудогона, аз ҷумла мақолаву китобҳо ба табъ расидааст, ки заминаи маънавии инкишофи соҳаро пайрезӣ намудаанд. Аз ин ҷиҳат мулоҳизаҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти соҳа маҳдудияти замонӣ надоранд, онҳо барои имрӯз ва фардои ҷомеаи тоҷикон, алалхусус, аҳли мактабу маориф аҳаммияти вижа дошта, фароянди усулии инкишофи мактабу маорифро таъмин менамояд. Ба хусус раҳнамоиҳои маънавии Роҳбари давлат дар боби худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ арзиши бунёдӣ дошта, ҷомеаи тоҷикони имрӯзро ба роҳи камолоти маънавӣ ҳидоят менамояд.
Бинобар ин ҳам омӯзиши ин масъала барои пешрафти назарӣ ва амалияи соҳаи таълиму тарбият пураҳаммият буда, ба ислоҳоти усулии соҳа, равиши таълим ва тарбият бевосита ёрӣ хоҳад кард. Шинохти ин масъала яке аз мавзуъҳои бунёдии қадршиносии муваффақиятҳои Пешвои миллат дар эъмори ҷомеаи миллӣ ва таҳкими истиқлоли кишвар ва низоми давлатдории тоҷикон низ мебошад.
Пешвои илмдӯсти миллат ба донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот диққати хос зоҳир мекунанд. Дар ин маврид месазад, ки навиштаи ҳикматомӯзи ҷопонӣ бояд такондиҳандаи зеҳну шуури мо дар роҳи суд бардоштан аз илму маърифат бошад: “Агар ғами яксоларо хӯрӣ, шоликорӣ кун, агар даҳсоларо мадди назар дошта бошӣ, боғ бунёд кун, агар андешаи садсоларо кардани бошӣ, соҳаи маорифро пурқувват намо”. Бо дарки ин маънӣ, мунсифона бояд изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ тамоми имконият барои таҳсилот фароҳам аст ва инак майдони ҳунару ҳунарнамоӣ дар дасту ихтиёри ҳар яки мо қарор дорад.
Дар фароянд мухтасар бояд афзуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба манзалати як дарси муҳим ва ояндасоз аст. Дарси худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандориву ватандӯстӣ ва ҳувияту ҳайсияти ҳар яки мост. Он бояд ҳамчун барномаи муштарак дар рӯзгори пур аз амну рифоҳи ҳамватанон роҳандозӣ шуда, афзалиятнокии соҳаи маориф на танҳо дар сухан, балки дар амал низ ба исбот расад. Албатта, дар ин самт ҳар қадами ба пеш гузоштаи мо ба манфиати кор аст.
Бежан ҶӮРАЕВ,
мутахассиси Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникии
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”