Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 умед ба фардои дурахшони кишвари азизамонро дар замири ҳама ҳамватанон ҷой намуд. Ин санади раҳнамо натиҷаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакатро бо ҳама дастоварду пешравиҳо бозгӯ намуда, барои солҳои минбаъда иҷрои вазифаҳои мушаххасро ба миён мегузорад.

   Пешвои миллат зимни ироаи Паём зикр карданд, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

   Ба назари мо, дар чунин шароит ҳар як шахси худшиносу худогоҳро зарур аст, ки барои пешрафти ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намояд. Дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас гузошта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини душманони миллат нашавад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ободии Ватан аз ҷаҳду талош ва заҳаматҳои шабонарӯзии ҳар яки мо вобаста аст.

    Гузашта аз ин, мо бояд ба донишу донишандӯзӣ рӯ биёрем, бештар ба мутолиаи китоб машғул шавем, донишҳои замонавиро азхуд кунем. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

    Тавре дар Паёми Сарвари давлат зикр гардид, “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

    Дар Паёми Пешвои миллат гуфта шуд, ки мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Алабатта, ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба соҳаи маориф қобили таҳсину ситоиш мебошад ва аҳли маорифро лозим аст, ки дар ҷавоб ба ин ғамхорию пуштибониҳо насли наврасро дар рӯҳияи ватандорӣ ва хештаншиносӣ тарбият намоянд. Воқеан, ҷавонони кишвари мо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

    Президенти мамлакат дар идомаи ироаи Паём перомуни дастгирии ҷавонон ибрози назар намуда, тазаккур доданд, ки “мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд”.

    Мо — ҷавонон дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Сарвари давлатамон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, сармашқи фаъолияти худ карор дода, тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона хоҳем кард. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Султон ҚОСИМОВ,

мудири хоҷагии донишкада

Алиакбар ВОҲИДОВ

Сардори МТХТ-и донишкада