Дар  Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки хеле самимӣ ва роҳнамо буд, дар баробари таҳлилу натиҷагирии дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих таваҷҷуҳи хос  зоҳир гардид. Зеро,  сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ, пояндагии сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва дар маҷмуъ ривоҷи ҳувияти миллӣ нигаронда шудааст.

      Бо дастуру ҳидоятҳои ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳангу санъати кишвар, муассисаҳои таълимии соҳавӣ, бахусус,  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода симои худро  ба куллӣ дигаргун намуда, бо васоити таълимии муосир, асбоби мусиқӣ, таҷҳизоти техникӣ, китоб ва дастурҳои методӣ таъмин гардид.

   Дар Паём таъкид ба амал омад, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Танҳо дар соли гузашта 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО  ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Пешвои муаззами миллат дар идомаи ироаи Паём пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

     Таърихи ҷомеаҳои пешрафта собит менамояд, ки дар баробари дигар зарфияту арзишҳо нақши фарҳанг, санъату ҳунар дар муаррифӣ ва шинохти миллатҳо хеле муассир аст. Аз ин дидгоҳ, шинохти давлати тоҷикон дар  ақсои олам бо мероси фарҳангии пурғановат амри зарурие ба шумор меравад, ки аз оғози Истиқлоли давлатӣ то ҳол ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ равобити ҳасана бо ҷомеаи ҷаҳонӣ маҷрои нав пайдо карда, андешаи миллии мардум дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир касб кард. Хушбахтона, ҳоло аз файзи сиёсати фарҳангии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун миллати фарҳангдӯст ва тамаддунофарин шинохтаву эътироф мекунанд. Дар баробари он ки имрӯз Тоҷикистон бо ибтикороти шоиста ва ташаббусҳои фарогиру ҷаҳонии Сарвари давлат ҳамчун кишвари таъсиргузор дар саҳнаи сиёсатҳои байналмилалӣ дониста мешавад, инчунин дар самти ҷаҳонишавии мероси фарҳангӣ низ қадамҳои устувор гузоштааст, ки масири рӯшани онро Пешвои муаззами миллат боз кардаанд.

    Дар ин росто, ёдрас мешавем, ки се сол қабл бори нахуст дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид. Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ гардид.

    Намоишгоҳи мазкур бо мақсади муаррифии тамаддуну фарҳанги қадимии тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадимӣ, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, баргузор гардид.

     Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, саъю талоши пайваста хоҳанд кард.

 

 

Муҳриддин НИЗОМӢ,

ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати

Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода