Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” вохӯрӣ бо устодону донишҷӯён дар мавзуи “Паём, ҷавонон ва ҳифзи манфатҳои миллӣ” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, баргузор карда шуд.         Ҳамоишро муовини ректор оид ба таълим, номзади имлҳои педагогӣ Махсудзода Фарҳод ҳусни оғоз бахшида, перомуни муҳиммияти мавзуи матраҳшуда ибрози андеша намуд.

   Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак андешаҳояшро доир ба Паём муфассал баён намуда, онро дастури муҳим ва асосӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат арзёбӣ намуд.

    Мавсуф инчунин, зимни суханронии худ нуктаҳои фарогири ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон дар Паёмро ёдовар шуда, афзуд, ки Сарвари давлат доир ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ҳамасола таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.  Дар доираи ин таваҷҷуҳу дастгириҳо муайян намудани як қатор имтиёзҳо барои ҷавонон мебошад. Аз ҷумла, ҳар сол ба роҳ мондани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон — ватани азизи ман”, “Илм — фурӯғи маърифат”  ва озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуровдалелҳои рӯшани гуфтаҳои болост. Ҳамчунин, шуруъ аз моҳи сентябр ба миқдори 30 фоиз зиёд гардидани стипендияҳои донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад.

   Сипас, раиси созмони ҷавонони донишкада Юсупов Кароматулло ба роҳбарияти Кумита изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки ҷавонони донишкада баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида талош меварзанд ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

   Дар фарҷоми вохӯрӣ Махсудзода Фарҳод ба муовини раиси кумита барои ширкат ва ироа намудани маърузаи пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро судманд арзёбӣ намуд.

ҚУДРАТОВ Сино

УМАРОВ Дилшод.