17 январи соли 2020 дар Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷамъомади устодону донишҷӯён дар робита ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

   Ҷамъомадро муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” –и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар донишкада Бозорбой Холов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф зикр намуд, ки дар донишкада силсилачорабиниҳои вобаста ба омӯзиш ва таблиғи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат идома дорад. Мо тасмим гирифтем, ки  бо шумо гузоришҳои чанд тан устодони донишкадаро дар ин бобат пешниҳод намоем.

   Сипас декани факултаи режиссура, кино ва телевизион, доктори илмҳои филология Зулфиддин Муъминҷонов баромад намуда, таъкид кард, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакатро дарбар мегирад.  Дар Паёми Сарвари давлат ба рушди фарҳанги миллӣ,  масоили фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо назардошти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Ин иқдом, бешак ба пешрафти минбаъдаи ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, мо- устодону донишҷӯён вазифадорем, ки бобати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пешоҳанг бошем.

   Инчунин мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа З. Қаландаров баромад карда, дар бораи аҳамияти Паёми имсолаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён намуд.

   Омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада идома дорад.

 

                                                                  Фариштамоҳ  КАРИМОВА