Дар робита ба омӯзиши нуктаҳои асосӣ ва моҳияти Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 феврали соли 2021 дар толори Арғунуни МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҷамъомади устодону донишҷӯён бо унвони «Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомади машваратӣ  баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини ректор доир ба таълим профессор Фарҳод Мирахмедов ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки  дар донишкада тибқи нақша силсилачорабиниҳо вобаста ба омӯзиш ва таблиғи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат идома дошта, чорабинии мазкур яке аз онҳо мебошад. Мавсуф дар атрофи чанде аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, ки вобаста ба рушди фарҳангу санъати миллӣ мебошанд, суханронӣ намуда, Паёми Пешвои миллатро дастури раҳнамо барои тамоми қишрҳои ҷомеа номид.

Сипас роҳбари маркази иттилоот ва таҳлилии дасгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадулло Наимов баромад намуда, таъкид кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола қайд карданд, ки соли 2020-ум бо рӯйдодҳои  муҳиму  хотирмони  худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид. Дар ин сол ду чорабинии муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат ба соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд намуданд, ки мо барои беҳтар  кардани сатҳу сифати таълим  дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро  муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баландтар бардорем.

Сарвари давлат ба ғолибони озмунҳои  «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷавонони лаёқатманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда,  Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ ва дигар сохтору мақомоти  давлатиро аз ҷумла  роҳбарони вилоятҳо  ва шаҳру ноҳияҳоро  вазифадор намуданд, ки ғолибонро  аз рӯйи интихоби худашон  ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул намуда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо  тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Инчунин магистри  соли  аввали факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, гирандаи идрорпулии Президентӣ Сайобид Азизов баромад карда, таъкид намуд, ки  Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо ҷавононро ба ватандӯстию худшиносӣ даъват мекунад ва бо муҳтавои пур аз ифтихороти миллии худ баҳри баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ хидматҳои беназир менамояд. Аз ин рӯ мо ҷавонон чун пайравони асилу ҳамешагии Пешвои муаззами миллат барои ҳифзи якпорчагӣ ва устувор нигоҳ доштани ин сарзамини зархези бузургон бояд саъю талош намоем.

Омӯзиши нуктаҳои  Паёми Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада тибқи нақшаи таҳрезишудаи раёсат идома дорад.

   Гулноза Кабирова,

Насиба Бобоева

магистрони факултаи

 китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ