Аз  рӯи  ҷадвали  Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту 2021»  25-уми майи  соли  2021  дар  Театри  давлатии  ҷавонони Тоҷикистон  ба  номи  Маҳмудҷон  Воҳидов  намоишномаи ғайриозмунии  Муассисаи  давлатии  таълимии  “Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода”  бо унвони “Ишқи парӣ” пешкаши  ҳаводорон гардид. Дар он аъзои  комиссияи  фестивал-озмун,  аҳли  ҳунари  театр ва кинои  тоҷик,    омӯзгорон  ва  донишҷӯёни  донишкада ҳузур  доштанд.

Намоишномаро устодони  факултаи  санъати  театрӣ  Мурод  Худобахшов  ва Абдулҳафиз Қодиров  якҷо  бо  донишҷӯёни  курси  сеюми  ихтисоси  санъати  актёрӣ  аз рӯи асари Тоҳир Муҳаммадризоев  таҳия ва ба саҳна гузоштанд.

Пеш аз оғози  намоишнома  ректори  Муассисаи  давлатии  таълимии  “Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода”,  доктори  илмҳои  филологӣ,  профессор  Низомӣ  Муҳриддин  Зайниддин  назари худро дар  бораи  “Ишқи парӣ”- и Тоҳир Муҳаммадризоев баён  намуда,  меҳмонон  ва  ҳозиринро  хайрамақдам  гуфт.

Муҳтавои намоишнома аз он иборат аст, ки  Парӣ  ба  як ҷавони  ҳунарманд,  ки   дасту дили  пок  дошта,  бо  ҳунари  волои  эҷодкориаш дар байни ҷомеа сазовори обрӯю  эътибор гардидаасту Имрон ном дорад,  ошиқ мешавад. Парӣ ва Имрон ба висоли якдигар мерасанд. Вале зиндагии якҷояи онҳо дер давом намекунад.

Тамошобинон ба намоишномаи  “Ишқи парӣ” баҳои баланд додаанд.

Дилшод УМАРОВ,

муовини декани факултаи санъати театрӣ