Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 24 ноябри соли равон, ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода, муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорат Музаффар Темурзода, инчунин намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ дар толори  ороишии донишкада намоиши дастовардҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг ва факултаҳои донишкада, инчунин дар гӯшаи алоҳида китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар маводи чопии бозгӯкунандаи таърихи парчам ба маъраз гузошта шуданд.

Пас аз тамошои намоишгоҳ меҳмонони ҷашнвора ба толори консертии “Арғунун”, ки ҳанӯз соли 2011 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ворид гардиданд. Баъдан, таҳти сарварии хормейстер Суруди миллӣ дар иҷрои ҳайати ҳамсароён, ки дар бар либосҳои рамзи парчам доштанд, бо ҳамовозии аҳли толор садо дод.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иштирокдорони чорабинии тантанавиро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ин ҷашни муқаддаси миллӣ, ки равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи неку дурахшон мебошад, самимона табрик намуда, иброз дошт, ки миллати соҳибтамаддун ва дорои суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдории тоҷик, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёниро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист. Зикр гардид, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошад, ёдовар шуд.

Ба гуфтаи ӯ, гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳо абармардони дигари гузаштаи мост.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода аҳли нишастро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, тазаккур дод, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории мо ҷойгоҳи хосса дорад. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ дорои таърих ва суннати қадима мебошад. Тибқи гувоҳии осори таърихӣ, достонҳои куҳан ва ривоятҳои асотирӣ гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол пеш соҳиби парчам буданд, ки дар адабиёти қадимаи мо бо номи дирафш ёд мешавад. Дирафши Ковиёнӣ нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан асари безаволи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» аз он ба маротиб ёд шудааст.

         Бар пояи иттилои вазири фарҳанг, «Дирафши Ковиёнӣ» то замони инқирози давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони мо буд. Дар давраи Сосониён дар қисми болоии он паррандаи заррин – мурғи ҳумо таҷассум мешуд ва дар бахши мураббаи он сангҳои гаронбаҳо насб мегардид. Чуноне ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо низ дирафши хоси худро доштаанд, ки бо рамзҳои ба худи паҳлавонон хос зинат дода мешудааст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо намудаанд.

         Зикр гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассумгари гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат мебошад ва он дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид. Имрӯз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

  

Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои «Муаллими беҳтарини сол», «Донишҷӯи беҳтарини сол» ва «Хонандаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардида,  ба ғоибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Дар озмуни «Муаллими беҳтарини сол» профессори кафедраи маҳорати актёрии донишкада Қурбони Собир ва дар озмуни «Донишҷӯи беҳтарини сол» донишҷӯи соли 2-юми шуъбаи рӯзноманигории факултаи режиссура, кино ва телевизион Мадина Зоирова ғолиб омада, соҳиби диплом гардиданд. Ҳамзамон, ба ғолибони озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Акрам Мирзоев, Қобилҷон Шарифов ва Фирдавс Маҳмудов бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом тақдим карда шуд.

  

Дар қисмати фарҳангӣ-ҳунарии чорабинӣ филми мустанади «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» намоиш дода шуда, шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз гардиданд.

  

Додоҷон РӮЗИЕВ,

муҳаррири маҷаллаи илмии

 «Фарҳанг ва санъат»