Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 24 ноябри соли равон, ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!”чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода ифтитоҳ намуда, сухани  табрикии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддинро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саъми ҳозирин расонд.

Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун анҷумани сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт шудааст, тасдиқ ва қабул гардид.  Қабули Парчами давлатӣ ба давраи хеле ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.

Ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст. Ин парчам  бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни  соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи XVI — уми Шурои Олӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуда буд.

Сокинони мамлакат санаи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 — уми ноябри соли 2009 истиқбол гирифтанд. Бо назардошти ин ва ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири Парчами давлатӣ дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавон соли 2010 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги Парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар остонаи таҷлили бистумин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар паҳлуи чапи Қасри Миллат барафрохта шуд.

Дар маросими барафрохтани Парчами давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, махсус хотирнишон сохтанд, ки мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва Парчами миллӣ ваҳдату ягонагии моро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум роҳандозӣ менамоем ва таҳти ҳамин ливо ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ месозем.

 

Боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар пештоқи бинои асосии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парафшонӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Воқеан, муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлати соҳибистиқлоламон, яъне рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг, хулоса ба тамоми арзишҳои ахлоқиву маънавии халқамон торафт бештар ва густурда мегардад ва халқи шарафманди тоҷик зери парчами муқаддаси миллӣ мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро бо меҳнати фидокорона паси сар намуда, ба эъмори ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин муваффақ мешавад.

Баъдан, дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳунарӣ, ки фарогири шеъру суруд ва оҳангҳои марғуб, ба монанди “Тоҷикистон”, “Гулрез”, Дуэти Хуҷандӣ”, Парчамат поянда бод!”, “Парчами умед”, “Ҳамбастагӣ” ва “Пешвои миллат” буданд, пешкаши ҳозирин гардонда шуданд.

 

Дилшод УМАРОВ,

Муҳаммаднабӣ МУСОЕВ