Санаи 21 ноябри соли 2023 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар асоси Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии илмӣ — фарҳангӣ таҳти унвони «Парчами нангу номи мо» баргузор карда шуд.
   Дар чорабинии мазкур корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдулхайр, корманди Суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Даврон Назирмад, корманди Прокуратураи шаҳри Душанбе Шукуров Муҳаммадҷон, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ, номзади илмҳои филологӣ Изатзода Зулайхо ва устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Дар қисмати аввал намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи пойтахт ва сохторҳои идеологӣ аз таърихи пайдоиш, заминаҳои асосии ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба Парчами давлатиро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Сипас дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сурудҳои ватандӯстӣ сароида шуд, ки табъи ҳозирин болида гардид.