17 июн дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  аз фанни режиссура,  бо намоиш додани филмҳои бадеӣ аз тарафи хатмкунандагони шуъбаи режиссураи филми бадеии факултаи фарҳангшиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, имтиҳони маҳорат  доир гардид.

Соли дуюм аст, ки донишҷӯён аз рӯи ихтисоси режиссураи филми бадеӣ  шуъбаи мазкурро хатм карданд. Талабот аз рӯи нақшаи таълимӣ дар супурдани имтиҳони давлатии  шуъбаи режиссураи филми бадеӣ пешниҳод кардани  филмҳои бадеӣ бо коргардонии хатмкунандагон мебошад. Хатмкунандагон дар муддати таҳсил аз нозукиҳои касби коргардонии филми бадеӣ бархӯрдор гардида, тарзи саҳнавӣ кардани  ҳикояҳо, интихоби қаҳрамони филм, истифодаи  мусиқӣ, рӯшноӣ, овоздиҳӣ дар филм (дубляж), интихоби сару либос, рассомӣ ва танзимро азхуд намуданд, ки натиҷаи дониши андӯхтаашонро дар офаридани филмҳо истифода карданд.

Дар тарбияи шогирдони соҳаи режиссёрӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Юнус Юсупов  саҳм дошта, хатмкунандагон муддати чор сол аз мактаби коргардонии ин омӯзгор маърифати коргардонӣ омӯхтаанд.

Хатмкунандагон  Фирӯз Асоев аз рӯи ҳикояи  А.П. Чехов «Кадоме аз ҳар се» филми «Гули бишкаста» дар ҳаҷми 14 дақиқа, Бибираҳима Ғоибова аз рӯи ҳикояи Тахмина  Муъминова «Парандаи сеҳрнок» дар ҳаҷми  9 дақиқа, Фақир Сафаров аз рӯи ҳикояи Парвиз Абдурашидов  «Зодрӯз» дар ҳаҷми  4 дақиқа, Марҷона Азизова аз рӯи асари  Ҷек Ричи «Ҳаштум» дар ҳаҷми 12 дақиқа ва Комилҷон Шералиев аз рӯи асари Н. Терешенко «В заперти» дар ҳаҷми 17 дақиқа филм офарида, манзури ҳайати комиссияи имтиҳони давлатӣ ва устодону донишҷӯён карданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо дар соҳаи филмистеҳсолкунӣ кадрҳои худиро Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тайёр мекунад. Итминони комил дорем, ки хатмкунандагони ин шуъба дар ривоҷу равнақи филми кӯтоҳ ва бадеии тоҷик  саҳм мегузоранд.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ,

мудири бахши мониторинги сифати

таҳсилоти ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода