Чуноне ки аз масъалаҳои назариявии педагогикаи фарҳанг бармеояд, яке аз хусусиятҳои фарҳанг ин кӯшиши бештар ба ислоҳот ва диди тоза доштани он аст. Бинобар ин, вазъи имрӯзаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ тақозои онро дорад, ки имконияҳои дохилиро ба инобат гирифа, равияҳои бунёдии омодасозӣ, интихобу ҷобаҷогузории мутахассисонро бо тавваҷҷуҳ ба низоми навини ҷомеаи муосир дақиқан муайян намоем, зеро ҷаҳони имрӯза дар ҳоли таҳаввулот қарор дорад. Масалан, раванди ҷаҳонишавӣ, ки як падидаи навъи башар аст, моро водор месозад, ки ба имрӯзу оянда бо нигоҳи дигар бингарем ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутахассисонро тарбия намоем.

   Дар низоми омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳангу ҳунар ва иттилоот нақши Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хеле назаррас мебошад. Дар тӯли фаъолияти хеш донишкада аз як факултаи хурд ба маркази бузурги парвариши кадрҳо ва ҳали масъалаҳои муҳими соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ табдил гардид.

   Натиҷагирии таҳлилу омӯзишҳои ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти донишкада, махсусан дар тӯли се соли охир баёнгари он аст, ки ному мақоми ин боргоҳи илму ҳунар дар арсаи ҷомеаи фарҳангии ҷумҳурӣ ва берун аз он афзудааст. Баҳри тасдиқи ин гуфтаҳо маҷмӯаи ба тозагӣ рӯи чоп омадаи “Се соли рушди ҳунару истеъдод”-ро барои хонандагон пешниҳод менамоем.

   Маҷмӯаи мазкур таҳти роҳнамоии ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Хайридин Усмон ба чоп омода гардидааст. Маҷмӯаро Сӯҳроб Зокиров бo мақсади даст ёфтан ба натиҷаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ, шуъбаи магистратура, аспирантура ва доктор (PhD), Китобхонаи илмӣ, васоити ахбори донишкада, ҳамчунии фаъолияти тарбиявӣ, эҷодӣ ва корҳоӣ хоҷагиву маъмурии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро дар давоми солҳои 2017-2019 мураттаб намудааст, ки фарогири мавзӯҳои фавқуззикр мебошад.

   Дар дебочаи ин асар, аз ҷумла омадааст: “Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо мақсади татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муайян намудани натиҷаҳои минбаъдаи фаъолияти донишкада дар соҳаҳои фарҳангу санъат ва иттилоот тасмим гирифтаст, ки ба таври муфассал ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияташро дар шакли маҷмӯа ҳар сол интишор намояд”.

   Ишора намудан бамаврид, ки ин иқдом боиси он мегардад, ки ихлосмандони соҳаи фарҳанг аз бурду бохти фарҳанги миллӣ огоҳ гардида, ҷиҳати таълиму тарбияи насли маврас дар рӯҳияи фарҳангдӯстӣ саъю талош варзанд. Зеро шарти асосии таъмини минбаъдаи рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо таҳсили баландмазмуни тахассусӣ ҷалб намудани истеъдодҳо ба шумор меравад.

   Барои боз ҳам беҳтар бахшидани раванди истифодабарии асари мазкур дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мукаммал гардонидани инъикоси фаъолияти нашрии донишкада, хуб мебуд на шумора, балки тасвири библиографии осори нашри алоҳида ва номгӯи мақолаҳои устодону донишҷӯёнро бо тартиби алифбо зери унвони “Осори нашрии  устодон ва таълимгирандагони Донишкада дар солҳои 2017-2019” оварда мешуд.

   Маҷмӯаи “Се соли рушди ҳунару истеъдод” ба ҳайати профессорону устодон, муҳаққиқон ва донишҷуёну ихлосмандони соҳаҳои фарҳангу санъат пешниҳод мегардад. Ҳамчунин, арзиши маҷмуаи мазкур дар он аст, ки он таърихи се соли ахири донишкадаро пурра дарбар гирифта, ба сифати маводи илмӣ-таҳқиқотӣ барои анҷоми корҳоӣ илмии пажӯҳишгарони оянда мусоид хоҳад кард.

Сайзароб  НАДИРОВ,

директори  Китобхонаи илмии

ДДФСТ ба номи М. Турсунзода