Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  дар доираи силсилачорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 50-солагии донишкада якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” баргузор гардид, ки дар он довталабон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок намуданд.       Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ аз рӯи номинатсияҳои сурудхонии халқӣ, навозиши асбобҳои миллӣ ва рақси миллӣ бо мақсади шинос шудан бо санъати миллии кишварҳои ҳамҷавор ва табодули таҷриба баргузор гардид, ки дар он як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тариқи ҳузурӣ дар радифи устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ширкат варзида маҳорату истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд.         Ҳайати доварон,  ки ҳам аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ба маҳорату истеъдоди довталабон баҳои воқеӣ дода, бо муайян намудани ғолибон кори якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони “Дӯстӣ бимонад ҷовидон”-ро ҷамъбаст намуданд.

   Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, декани факултаи санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Бухоро Азимов Санҷар ва ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иштирок намуда, ғолибон ва довталабони ба таври фаъол дар озмун ширкатварзидаро бо Дипломҳо ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

    Пас аз ҷамъбасти озмун консерти муштараки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид, ки диданиву ҷолиб буд.

ҚУДРАТОВ Сино

УМАРОВ Дилшод