Санаи 29 апрели соли 2022 дар доираи ҳамкориҳои судманд бо  Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия онлайн вохӯрии донишҷӯён таҳти унвони “Тренды культуры в молодёжной среде моей страны»  дар донишкада баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни донишкада фаъолона ширкат намуда, бо раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷии худ шиносоӣ пайдо намуданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ шинос намудани донишҷӯён бо фаъолияту дастовардҳои таълимиву илмӣ ва эҷодии донишҷӯёни муассисаҳои хориҷи кишвар буда, дар он донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ширкат ва маърӯза намуданд.

    Нишасти мазкур ба бахшҳои алоҳида ҷудо шуда, донишҷӯён вобаста ба самти таҳсили худ бо маърӯза ва презентатсияҳо фаъолияту дастоварҳои соҳавии худро пешкаши иштирокчиён намуданд. Донишкадаро дар чорабинии мазкур донишҷӯёни зерин: Алиева Гулҳаё – бахши дастовардҳои фарҳангӣ, Ашурова Фараҳноз – бахши санъати хореографии миллӣ, Махкамов Нодир – бахши кино ва театр ва Шарифзода Наргис – бахши мусиқӣ бо намоиш додани презентатсия, порчаҳои видеоӣ аз раванди фаъолиятӣ эҷодӣ ва бо маърӯзаҳои таҳиянамудаашон муаррифӣ намуданд.

 

Меҳриддин Холов

Сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ