25 – уми майи  соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи грантии «Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои  фарҳанг ва санъат дар асоси  коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ», ки аз ҷониби Барномаи грантии “Рушди таҳсилоти олӣ” маблағгузорӣ гардидааст, тариқи онлайн семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Ба семинари омӯзишӣ ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғозбахшида,  зикр намуд, ки як бахши муҳимми  фаъолияти донишкадаро  ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ дар доираи робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. дар доираи лоиҳаи “Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ” якчанд семинари омӯзишӣ оид ба таҳияи стандартҳои таълимӣ гузаронда шуда,  ҳамзамон, бо  экспертҳои миллӣ, бо мақсади таҳияи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ  шартнома ба имзо расонда шудааст.

Дар семинари мазкур мушовирони байналмилалӣ аз шарикони лоиҳа: Бриллер Владимир – мушовири  байналмилалии Барномаи грантии “Рушди таҳсилоти олӣ” – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ аз  ИМА, Полякова Елена  Александровна – доктори илмҳои таърих, профессор, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи фарҳанги Олтой ва Гизатова Гулнора – мушовири байналмилалӣ аз Академияи миллии санъати Қазоқистон суханронӣ  намуданд.

Дар кори семинар, инчунин мушовирони миллӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон -ассистенти лоиҳа доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фирӯз Улмасов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Латифзода Диловар, дотсент Гулназаров Сафар ва ҳайати гурӯҳи кории лоиҳа оид ба таҳияи стандарт ва барномаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.

Бояд зикр намуд, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ барои таҳким бахшидани муносибати бисёрҷонибаи донишкада амри зарурист. Дар доираи баргузории чунин семинарҳо табодули таҷриба ва коркарди маълумот сурат гирифта, бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар рушд додани соҳа афзалиятнок шуморида мешавад.

  Синои АБӮАЛӢ