Бо ибтикори кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ”  Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, омӯзгорони шуъбаҳои назариявии  Мактаб — интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб — интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, устодони кафедраи таърих ва назарияи мусиқии донишкада, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, магистрон ва докторантон аз рӯи ихтисоси (PhD)  ҳузур доштанд.

     Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки мавзӯи интихобшуда хеле муҳим буда, дар он мушкилиҳои фанҳои таълимие, ки ҳамбастагии онҳоро бо омӯзиши назарияи мусиқӣ дар бар мегирад, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ҳамоиш, инчунин масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва пайдо кардани тарзу усулҳои нави омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ  дар марҳалаи нав матраҳ мешаванд.

Ба гуфтаи ректори донишкада, масъалаи омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ дар замони муосир, муайян кардани сатҳи дониши назариявии хоандагон ва донишҷӯён оид ба санъати мусиқӣ дар муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати кишвар мавзӯи меҳварии конфронс мебошад. Зарур мешуморем, ки дар ин конфронс барои ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда оид ба роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ  пешниҳодҳои мушаххас баён гарданд.

Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мавзӯи конфронс, бевосита ба мушкилоти таълими назарияи мусиқӣ, омодасозии кадрҳо аз рӯи ин ихтисоси барои ҳамаи мо муҳимми санъати мусиқӣ алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, мо дар ҷараёни конфронс оид ба проблемаҳои вобаста ба  таълими фанҳои назарияи мусиқӣ, сифати омодасозии мутахассисон аз рӯи ин ихтисос маълумоти муҳим хоҳем гирифт. Зикр гардид, ки мутаассифона, сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯёне, ки назарияи мусиқиро меомӯзанд, ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин ҷо, албатта, проблемаҳо бисёранд, бояд роҳи ҳаллашонро пайдо кунем. Пеш аз ҳама, чӣ кор бояд кунем, ки самаранокии  омодасозии мутахассисони оянда, ҳамзамон сифати раванди таълимро аз рӯйи фанҳои назарияи мусиқӣ баланд бардорем.

Ба гуфтаи муовини вазири фарҳанги кишвар, бояд ба назар гирифт, ки дар мо муассисаҳои таълимии ба санъати мусиқи рабтдошта зиёданд. Аз ин лиҳоз, мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳа ниёз дорем. Пӯшида нест, ки дар баъзе ҳолатҳо дар муассисаҳои таълимӣ устодоне, ки аз рӯи ҳамин ихтисос дарс диҳанд, намерасан. Албатта ин ба самаранокии раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад. Сабабҳои воқеӣ низ ҳастанд. Ин набудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ аз фанҳои назарияи мусиқӣ, солфедҷио, гармония ва таърихи мусиқӣ мебошад.

         Манучеҳр Шарифзода зикр сохт, ки Вазорати фарҳанг чопи дастурҳои таълимиро аз рӯи фанҳои назарияи мусиқӣ ба нақша гирифтааст ва барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 Дар конфронс, инчунин мавзӯъҳои “Назарияи мусиқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки системаи таълими мусиқӣ”, “Диктанти мусиқӣ ҳамчун омили  муҳимми инкишофи ҷомеа”, “Ҷанбаҳои назариявӣ-композитсионии достонҳои Гурӯғли”, “Баъзе ҷанбаҳои методикаитаълими (Се намуди минор)”, “Мушкилоти масъалаҳои фанни гармония ва ҳалли он”, “Баъзе ҷанбаҳои методикаитаълими назарияи мусиқӣ”, “Таълими омӯзиши назарияи мусиқӣ тавассути символҳо”, “Истифодаи техникаи иттилоотӣ дар дарси назарияи мусиқӣ”, “Мақоми фанни назарияи мусиқӣ барои азхуд кардани  саводи мусиқӣ” ва “Фосила ҳамчун асоси аккордҳо” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти конфронс пешниҳоду дархостҳои иштирокдорон матраҳ гардида, барои дар амал татбиқ намудани онҳо аъзои кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ, инчунин мутахассисони соҳа муваззаф шуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ