То оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Омодагии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар соли нави таҳсили 2021-2022-ро чунин шарҳ додан ба маврид аст, ки то ба имрӯз 90-дарсади корҳои ободонӣ аз қабили таъмиру тармим, азнавсозӣ ва муҷаҳазонидан бо лавозимотҳои синфиву утоқҳои кории кормандон ба анҷом расида, синфхонаҳо омодаи қабули хонандагон мебошанд. Барои оғози соли нави таҳсили 2021-2022  дар МДТ «ДДФСТ ба номи М.Турсунзода» корҳои омодакуни давом доранд. Синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва толорҳои лексионӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявию амалӣ ҳаматараф тайёр буда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

 Ҷадвали дарсӣ яке аз омилҳои аввалини танзими раванди таълиму тарбия ба ҳисоб меравад. Ҳоло тақсимоти сарбории ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада аз ҷониби кафедраҳо ба охир расида, дар асоси он ҷадвали дарсҳо тартиб дода шудааст.

 Имрӯзҳо бо ташаббуси раёсати таълим таҳлил, баррасӣ ва бартарафсозии камбудиҳои ҷадвалҳои дарсӣ сурат гирифта истодааст.

 

Дилшод УМАРОВ.

Муовини декани факултети

 санъати театрӣ.

Чоп кунед