Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода” 8 — уми январи соли 2021  ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назаров баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз», ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин оид ба фаъолияти яксолаи ташкилот ҳисобот ироа кард. Мавсуф  иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ба роҳ монда, дар  ин давра як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ, конференсияю семинарҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо доир намуда, баҳри таҳкими сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир гузошт.

 Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Оламафрӯз» дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Ин чорабиниҳо бори дигар собит намуданд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба неруи воқеан бузург табдил ёфтааст.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар ҳамкорӣ бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишкада  силсилаи чорабиниҳоро дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ», «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» ва «Конститутсия- бахтномаи миллат» баргузор намуд. Аъзои ташкилот дар аксияи «Ҷавонони соҳибистеъдод — пайрави Пешвои миллат», ки дар донишкада баргузор гардид, саҳми арзанда гузоштанд. Дар аксияи мазкур дастаҳои ҳунарӣ ва омӯзгорон низ бо номераҳои консертӣ ширкат варзиданд.

Дар асоси иттилои ректори донишкада,  дар  соле, ки сипарӣ гардид, фаъолияти гурӯҳи таҳлилӣ  аз ҳисоби аъзои ҳизб дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» таъсис ёфт, ки ақсади ягонаи он, пеш аз ҳама, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию  экстремистӣ ва вокуниш нишон додан ба матолиби иғвоангез ва бардурӯғ мебошад.

Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар оянда ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» нақша дорад, то сафи аъзои худро аз ҳисоби кормандони ҷавон ва фаъоли донишкада зиёд намуда, дар тарғиби сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саҳмгузор бошад.

Сипас, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» Бозорбой Холов  андешаҳои худро перомуни фаъолияти ташкилот баён намуда, сари вақт иҷро гардидани вазифаҳои солонаро натиҷаи саъю кӯшиш ва заҳматҳои дастаҷамъонаи аъзои ҳизб унвон карда, нақшаи ташкилотро барои соли 2021 ироа  намуд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назаров тазаккур дод, ки соли 2020 ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, ҷашнҳои миллӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Мавсуф ба 30 нафар аъзои нави ҳизб шаҳодатнома супурда, бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки дар донишкада сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сол ба сол зиёд гашта, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар миёни дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  соҳиби обрӯю эътибори баланд гардидааст.

    

Ҳамчунин, Шаҳбоз Назаров зикр намуд, ки комёбиҳо ва фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» — ро ба назар гирифта, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси он — Низомӣ Муҳриддин Зайниддинро  бо Ифтихорнома барои ҳамкориҳои судманд, ширкати фаъолона дар маъракаи муҳимми сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии мардум” сарфароз гардонид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ин қадрдонӣ на танҳо ба ман, балки ба тамоми кормандони донишкада тааллуқ дорад. Мавсуф аъзои нави ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дохилшударо табрик гуфта, таъкид кард, ки аъзои ташкилот баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатии миллӣ, алалхусус ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда, барои пойдории Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ саҳми сазовор  мегузоранд.

 

Бозорбой ХОЛОВ,

Додоҷон РӮЗИЕВ

Чоп кунед