Бо ибтикори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 27 феврали соли 2021, баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе дар донишкада шанбегӣ баргузор гардид.

    Дар шанбегӣ роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, дар саҳн ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонданд. Дар ин рӯз ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда шуданд, ки ба ҳусни донишкада намои тоза зам намуд.

    Кормандони донишкада тасмим гирифтанд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта чунин шанбегиҳоро роҳандозӣ намуда, дар ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани пойтахти маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

    Маврид ба зикр аст, ки чунин шанбегиҳои дастаҷамъона дар оянда низ дар радифи иқдомҳои ободкоронаи роҳбарияти донишкада идома ёфта, барои сарсабзу хуррамтар гардонидани ин боргоҳи фарҳангу ҳунар мусоидат хоҳад кард.

 

 

Шариф НАБОТОВ,

муовини декани факултаи

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ