10-уми феврали соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор  гардид. Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», АМИТ «Ховар», “Адабиёт ва санъат”, “Халқ овози”, «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Баҳори Аҷам», “Мароми пойтахт”, ҳафтаномаи «Тоҷикистон», “Телевизиони Синамо”, Телевизиони “Душанбе”, Телевизиони “Сафина” ва  Радиои “Фарҳанг” ҳузур доштанд.

  Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба намояндагони ВАО оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, эҷодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимми ба ҳаёти донишкада рабтдошта маълумоти муфассал дод.

    Ректори донишкада, аз ҷумла зикр сохт, ки дар соли 2022 барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, сатҳи иҷрокунандагӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён, малака ва маҳорати хоси кор бо технологияи ҳозиразамони соҳаи филмсозӣ дар донишкада таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.    Барои расидан ба ҳадафҳои фавқуззикр барномаҳои таълимӣ ва кории фаннӣ бо талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои таҳсилотӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ омода карда шуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада мусоидат намуданд.

    Сессияи санҷишу имтиҳонии соли хониши 2021-2022 дар донишкада тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии фанҳои таълимӣ 92,5% ва сифати таълим 30,4 % -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи сессияи санҷишу имтиҳонии соли 2021 азхудкунӣ 1,0 % ва сифати таълим 10,7 % зиёд мебошад.    Аттестатсияи хатм дар бахши рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ, бахши магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисоси (PhD) дар соли таҳсили 2021-2022 дар донишкада тибқи «Низомномаи аттестатсияи хатм» (№21/3 аз 29. 08. 2015) ба роҳ монда шуд. Дар соли 2022 шуъбаи рӯзонаи донишкадаро 440 нафар ва шуъбаи фосилавиро 182 нафар хатм намуд.

    Дар давраи ҳисоботӣ бахши илми донишкада ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Устодони донишкада Сӯҳроб Зокиров аз рӯи ихтисоси фалсафа дар мавзуи “Нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаруниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон” ва Адолат Бойбутаева аз рӯи ихтисоси филология дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии истилоҳоти соҳаи рақс дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ: ҷанбаҳои луғавию маъноӣ ва шаклӣ” рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.

    Дар ҳамин давра аз тарафи устодону кормандони донишкада 5  монография,   3 китоби дарсӣ, 6  китоби илмӣ-оммавӣ, 8  воситаи таълимӣ, 17  дастури методӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ — оммавӣ нашр шудааст, ки аз ин миён 48-тоаш дар хориҷи кишвар ба чоп расидааст. Илова бар ин, дар соли ҳисоботӣ зиёда аз 300 маърузаи илмию оммавӣ дар чорабиниҳои илмию фарҳангии соҳаҳои гуногун ироа гардида, дар саҳифаи расмии донишкада ва дигар саҳифаҳои интернетӣ зиёда аз 200 маводи гуногуни инъикоскунандаи масъалаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва илмии кишвар, ки аз ҷониби устодону кормандони донишкада навишта шудаанд, интишор ёфтааст.

   Гуфта шуд, ки Раёсати донишкада ҷиҳати рушди фаъолияти илмии унвонҷӯён, докторантон ва магистрон тавассути фаъолияти шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Айни замон, дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ 41 нафар магистр, доктор (PhD) ва унвонҷӯ таҳсил мекунад. Аз ин миён 21 нафари онҳо дар курси якум ва 20 нафари дигар дар курси дуюм таҳсил карда истодаанд.

   Яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти донишкадаро татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ташкил менамояд, ки айни замон дар донишкада 3 лоиҳаи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳаҳои илмӣ  якчанд конфронсу семинарҳо оид ба масъалаҳои гуногуни соҳаи фарҳангу санъат ва журналистика баргузор гардид.

   Дар соли 2022 дар дар бахши фарҳангшиносии озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ -“Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Гулҳаё Алиева ва Меҳроҷиддини Саид ширкат варзида, бо дипломи дараҷаи 3 ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

   Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯён ва устодони донишкада фаъолона иштирок намуда, 5 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд. Аз ин миён, котиби Шурои олимони донишкада Қудратов Сино дар номинатсияи “Эҷоди назму наср” бахши назм сазовори ҷойи дуюм гашта, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.

   Аз самтҳои муҳимми дигар, ки барои рушду тавсеаи иқтидори илмии муассиса мусоидат менамояд, баргу­зории конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ мебошад.

   Дар соли 2022 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 27 конфронс, мизи мудаввар ва семинари илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи рӯзмарра баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон  ва донишҷӯён бахшида ба  30 — солагии Иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 — солагии Ваҳдати миллӣ (ҳафтаи илм), конференсияи илмӣ-амалии “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик”, конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бо унвони “Фаъолияти  китобдорӣ дар асри XXI: муҳтаво, созмондиҳӣ   ва рақамигардонӣ дар доираи мавзуи илмӣ-таҳқиқотии “Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ” гузаронда шуданд.

   Дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи  XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои профессорону устодон ва кормандони донишкада  бо унвони  “Иҷлосияи  XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги миллӣ” дар шакли китоб ба чоп расид.  Ҳамчунин, нашри махсуси нашрияи “Олами ҳунар”-и  донишкада бахшида ба ин ҷашни муҳимми давлатӣ ба нашр расонида шуд.

   Бахши робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти хешро дар самти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дуру наздик ба роҳ мондааст.

   Айни замон донишкада бо 42 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Арманистон ва Словакия созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст.

  Дар давраи фаъолияти раёсати робитаҳои байналмилалӣ бори аввал аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 21 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд.

  Барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба донишкада дар сомонаи расмии муассиса равзанаи махсуси Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ташкил карда шуд, ки дар он тамоми маълумоти зарурӣ оид ба ҳамкориҳои хориҷии донишкада ва дастовардҳои байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷойгир карда шудааст.

  Моҳи майи соли 2022 як қатор донишҷӯёну хатмкунандагони донишкада бо ташаббуси Раёсати донишкада дар доираи созишномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой барои идомаи таҳсил дар ин донишкада имтиҳон супориданд. Дар натиҷа 8 нафар донишҷӯ тариқи буҷетӣ қабул гардид, ки аз миён 2 нафар магистр ва 6 нафар бакалавр мебошад.

  Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра ҳамкориҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар хуб роҳандозӣ гардида, бо мақсади рушди ҳамкориҳо 48 мақолаи илмии устодону кормандони донишкада дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи кишвар ба табъ расид.

   Дар соли сипаришуда як қатор дарсҳои “Устод ва шогирд” бо иштироки олимону ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Белорус баргузор гардида, инчунин 4 нафар омӯзгорони донишкада аз курси такмили ихтисоси хориҷӣ гузаштанд.

   Зикри як нукта муҳим аст, ки аз 14 то 18-уми октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он ҳудуди 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 нафар иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур 2 нафар дар номинатсияи сарояндагии анъанавӣ, 2 нафар дар номинатсияи сарояндагии эстрадӣ, 1 нафар дар номинатсияи навозандагии анъанавӣ ва 11 нафар дар номинатсияи рақс ба таврӣ гурӯҳӣ донишкадаро муаррифӣ намуданд.

   Аз ҳисоби донишҷӯёни донишкада 1 нафар дар номинатсияи навозандагии анъанавӣ сазовори ҷойи сеюм ва медали бринҷӣ, 1 нафар дар номинатсияи сарояндагии анъанавӣ сазовори Дипломи фахрӣ ва дар номинатсияи рақс ба таври гурӯҳӣ сазовори Дипломи фахрӣ гардиданд.

   Аз 10 то 20-уми ноябри соли 2022 бо ташаббуси Мақомоти шаҳрдории Барнаули Федератсияи Россия Озмуни байналмилалии “Палитра дружба” баргузор гардид. Дар озмуни мазур аз донишкада 2 номераи сарояндагии анъанавии якнафара ва 1 номераи сарояндагии анъанавии гурӯҳӣ — ансамбли “Бонувон” ба номинатсияи “Сарояндагии анъанавӣ”, инчунин 1 иҷроиши рақси якнафара ва 1 иҷроиши рақси гурӯҳӣ — ансамбли “Бунафша” ба номинатсияи “Хореография” — и озмун пешниҳод гардиданд. Номераҳои пешниҳоднамудаи донишкада бо Дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, устодону кормандони донишкада барои ҳамкорӣ ва саҳм дар тайёр кардани ғолибон бо сипосномаҳои озмун сарфароз гардиданд.

  Хулоса, дар давоми соли ҷорӣ 72 нафар донишҷӯёни донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳои озмунҳои байналмилалӣ сарфароз гардонда шуданд. Аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар давоми соли ҷорӣ ба унвонии донишкада 98 адад диплому сипоснома ворид гардид.

   Айни замон дар донишкада 69 нафар донишҷӯёни хориҷӣ   дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин миён 5 нафар тариқи рӯзона ва боқимонда ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, дар зинаи магистрӣ, боқимонда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зинаи бакалавр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

   Ҳадафи асосии қисми тарбия ва иҷтимоии донишкада дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони баландихтисос, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, инчунин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шуданд.

    Аз ҷумла, дар доираи  таҷлили  Ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ  дар донишкада озмунҳои  донишкадавии  “Сад  ранги  чакан”,  “Дастархони  наврӯзӣ”,  “Кадбонуи  беҳтарин”  ва  мусобиқаи  варзишии “Волейбол”   байни  факултаҳо  ва  зерсохторҳои  муассиса  доир  гардиданд. Озмунҳо  дар  се  давр  гузаронида шуда, ғолибон бо Ифтихорнома  ва мукофотпулӣ қадрдонӣ  гардиданд.

          Дар бахши фаъолияти эҷодӣ низ дар соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои судманд гузаронида шуданд. Аз ҷумла, Фестивали ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва эҷодии созҳои зарбӣ бо унвони “Садои дилҳо” бахшида ба 40-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон  Авазмурод Шоймардонов баргузор гардид.

    Ҳамзамон, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22. 08. 2022, №442” озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар се давр баргузор гардид. Бояд зикр намоем, ки ансамбли “Бонувон”-и донишкада дар озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар номинатсияи беҳтарин суруди гурӯҳӣ дар васфи пойтахт бо сурудани шеъри “Душанбеи ман” ҳунарнамоӣ карда, дар давраи ниҳоии озмун соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ичунин, донишҷӯ Сарвиноз Холова, ки ба ҳайати ансамбли номбурда шомил мешавад, дар номинатсияи беҳтарин суруд (яккахонӣ) дар васфи пойтахт ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷойи сеюм гашт.

   Сипас, намояндагони ВАО-и мамлакат ба пурсишҳои худ оид ба ҳамкориҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, табодули донишҷӯён, иштироки устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ