Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма аз АМИТ «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Халқ овози», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», шабакаҳои телевизионии “Телевизиони Баҳористон», Телевизиони «Илм ва табиат», Радиои «Фарҳанг» ва Радиои «Тоҷикистон» ҳузур доштанд.
Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба намояндагони ВАО оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ, тарбиявӣ, эҷодӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимми ба ҳаёти донишкада рабтдошта маълумоти муфассал дод.
Ректори донишкада, аз ҷумла зикр сохт, ки дар соли 2023 барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, сатҳи иҷрокунандагӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён, малака ва маҳорати хоси кор бо технологияи ҳозиразамони соҳаи филмсозӣ дар донишкада таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуда, барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарҳангу маорифи кишвар корҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки тайи солҳои охир сатҳу сифати таълим ва азхудкунии фанҳои таълимӣ дар миёни донишҷӯёни бахши рӯзона, магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) баланд шуда, сафи донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло супориданд, нисбат ба соли гузашта афзудааст.
Дар соли 2023 се нафар омӯзгори донишкада – ёвари ректор ва омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии донишкада Зокиров Суҳроб, омӯзгори кафедраи филология ва забонҳои хориҷӣ Наимова Фарзона ва мудири кафедраи технологияи ВАО Саидзода Шодона ва 3 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.
Дар ҳамин давра аз ҷониби омӯзгорони донишкада 4 монография, 7 китоби дарсӣ, 11 воситаи таълимӣ ва 12 дастури методӣ таълиф ёфтааст. Илова бар ин, ҳайати илмии донишкада дар соли 2023 дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и ҶТ 35 мақола ва дар маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷи кишвар 12 мақола нашр кардаанд. Инчунин, дар соли ҳисоботӣ зиёда аз 300 маърузаи илмию оммавӣ дар чорабиниҳои илмию фарҳангии соҳаҳои гуногун ироа гардиданд. Дар саҳифаи расмии донишкада ва дигар саҳифаҳои интернетӣ низ зиёда аз 200 маводи гуногуни инъикоскунандаи масъалаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва илмии кишвар, ки аз ҷониби устодону кормандони донишкада навишта шудаанд, интишор ёфтааст.
Ректори донишкада тазаккур дод, ки устодону донишҷӯёни донишкада пайваста дар озмунҳои сатҳаҳон гуногун иштирок намуда, ба дастовардҳои назпаррас ноил мегарданд. Аз ҷумла, донишҷӯёни донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» дар соли 2023 ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аз ҷумла, Мазабшоева Певистамо донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалии факултети фарҳанг¬шиносӣ бо гирифтани ҷойи якум дар бахши фарҳангшиносӣ бо дипломи дараҷаи якум, Каримова Қурбонбегим донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси бойгоншиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бо гирифтани ҷои 2-юм дар бахши фарҳангшиносӣ ва Давлатов Саҳобиддин донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалии факултети фарҳангшиносӣ дар бахши фарҳангшиносӣ бо гирифтани дипломи дараҷаи дуюм сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар соли 2023 докторант аз рӯйи ихтисоси PhD-и факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Исрибшоева Нуринисоро барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон гардид. 13-уми майи соли 2023 дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» нахустин маҳфил — викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Пайравони пешвои миллатем!» дар мавзуи «Нақши озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баланд бардоштани ҳисси китобдустӣ ва маънавиёти ҷомеа» баргузор гардид. Дар натиҷа, донишҷӯи бахши 3-юми факултаи санъати театрӣ ва режиссураи донишкада Файзуллозода Кишвар барандаи ҷойи 1-ум, донишҷӯи соли 1-уми факултаи журналистикаи телевизион ва радио Сайфуллоев Беҳрӯз ва донишҷӯи соли 2-юми факултаи фарҳангшиносӣ Шермуҳам-мадова Фахрия барандандаи ҷойҳои 2-юм, донишҷӯи соли 4-уми факултаи санъати мусиқии мардумӣ Ашӯров Сафармуҳаммад ва донишҷӯи бахши 1-уми факултаи журналистикаи телевизион ва радио Ҳомидов Шамшер соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо туҳфаҳои хотирмон, аз ҷумла планшет ва дигар туҳфаҳо сарфароз шуданд. 16-17-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор» баргузор гардид. Донишҷӯи соли чоруми факултети санъати мусиқии мардумӣ, кафедраи сурудхонии халқӣ Сафармурод Ашуров аз фанни «Педагогикаи умумӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардида, донишкадаро дар миёни 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар сазовор муаррифӣ намуд. Дар соли 2023 донишҷӯи курси 4-уми факултети журналистикаи телевизион ва радио Шарифова Мавҷуда дар номинатсияи «Эҷоди назму наср» (бахши назм) сазовори ҷойи 2-юм ва донишҷӯи курси 2-юми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Самадзода Шукрона дар ҳамин номинатсия созовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» омӯзгори донишкада Аминӣ Алишер сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Бахши робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти хешро дар самти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дуру наздик ба роҳ мондааст. Айни замон донишкада бо 56 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва Словакия созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин санадҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст. Яке аз дастовардҳои робитаҳои байналмилалии донишкада дар соли 2023 бо мақсади васеъ намудани доираи ҳамкориҳои судманди илмиву таълимӣ ва эҷодӣ ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ бо 11 муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ мебошад. Дар доираи ин ҳамкориҳо рӯзи 22-юми майи соли 2023 дар донишкада якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон» баргузор гардид, ки дар он 29 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 98 довталаб тариқи ғайриҳузурӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бо ташаббуси раёсати донишкада дар доираи созишномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой айни замон 4 нафар донишҷӯёни донишкада тариқи буҷавӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекунад. Аз 5-ум то 8-уми сентябри соли 2023 7 нафар докторантону олимони ҷавони донишкада дар Форуми VI-уми донишҷӯёну олимони ҷавони Осиё таҳти унвони «Ӯзбекистон — Осиё 2023», ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат намуданд.
Аз 24-ум то 30-юми сентябри соли 2023 устодону донишҷӯёни донишкада дар ҳайати 8 нафар бо роҳбарии Махсудзода Фарҳод Махсуд – муовини ректор оид ба таълим ба Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. Герасимов барои иштирок дар Фестивали байналмилалии филмҳои кутоҳметражии донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ширкат намуданд. Дар фестивали мазкур ду филми аз ҷониби донишҷӯёни донишкада таҳияшуда ба намоиш гузошта шуда, дар маросими тантанавии ҷамъбастӣ ҳарду филм бо ҷоиза ва дипломҳои «Беҳтарин нақши мардона» ва «Ҷалби таваҷҷуҳи тамошобинон» қадрдонӣ карда шуд.
Аз 21-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2023 омӯзгорони донишкада Мусоев Муҳаммаднабӣ ва Қосимов Ҳасан барои сабти филми кутоҳметражӣ дар Озмуни байналмилалии филмҳои кутоҳметражӣ «Кино дар 5 рӯз» дар доираи Кинофестивали байналмилалии Ташкент «Марвориди Роҳи абрешим» дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд. Дар доираи сафар омӯзгорони донишкада филми кутоҳметраж сабт намуда, дар фестивали мазкур ба намоиш гузоштанд.
Аз таърихи 4 – ум то 8 — уми октябри соли 2023 ректори донишкада дар Форуми II-уми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид, ширкат намуд.
Рӯзҳои 16, 17 ва 18-уми октябри соли 2023 дар донишкада бо иштироки режиссёрону ҳунармандони шинохтаи Эрон ва Ӯзбекистон – Нигор Искандар, Меҳдӣ Фард ва Убайдулло Омон бо устодону донишҷӯёни риштаи режиссёрӣ ва актёрӣ дарсҳои маҳорат баргузор гардид.
18-уми октябри соли 2023 дар толори Шурои олимони донишкада байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии кинематографияи умумироссиягии ба номи С. Герасимов (ВГИК) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳлати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро барои панҷ соли дигар тамдид менамояд.
Аз 7 то 15-уми ноябри соли 2023 сафари ҳунарии ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада бо роҳбарии Қурбоналии Нусрати Собир — профессори кафедраи маҳорати актёрии донишкада ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сурат гирифт. Дар доираи ин сафар 2 нафар омӯзгор ва 10 нафар донишҷӯ ширкат варзида дар Фестивали театрии кишварҳои ИДМ «ГИТИС – мастер-класс» иштирок намуданд. Дар фестивали мазкур аз ҷониби донишҷӯёни донишкада намоишномаи «Қатли 114 шоҳзодаи ҳахоманишинӣ дар Кушки гардон» ба намоиш гузошта шуда, бо дипломи фестивал қадрдонӣ гардид. Аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар давоми соли ҷорӣ ба унвонии донишкада 84 адад диплому сипосномаҳо ворид гардид.
Фаъолияти тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ барои ҳиссагузорӣ дар сифатан такмил додани таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, инчунин дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён равона гардид. Барои амалӣ намудани мақсадҳои вогузоршуда бахши тарбияи донишкада як қатор тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷумла, 9-уми феврали соли 2023 вохӯрии судманд ҷиҳати иҷрои Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо иштироки корманди масъули Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, полковник Афғонов А.М., ректори донишкада, Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Рӯзи 10-уми феврали 2023 тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Арғунун»-и донишкада бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода М., муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Н., мутахассиси пешбари раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода М., ректори донишкада, Муҳриддин Н., муовинони ректор, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада, ҷаласа оид ба фаҳмондадиҳии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми марти соли 2023 дар донишкада бо устодону донишҷӯён дар мавзуи «Паём, ҷавонон ва ҳифзи манфатҳои миллӣ» ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Рӯзи 16-уми марти соли 2023 дар доираи силсилачорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз байни факултаҳои донишкада озмуни “Зан-мазҳари покизагӣ” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарон ширкат варзида, ҳунару истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд. Озмун аз рӯи панҷ номинатсия: “Тоҷикона мепӯшем”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Қироати шеър”, “Беҳтарин газетаи деворӣ” ва “Дастовардҳои факулта” баргузор гардид.
19-уми майи соли 2023 бо ибтикори Раёсати донишкада дар толори “Арғунун”-и муассиса семинари илмӣ таҳти унвони “Давлатдории миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ” бо иштироки сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва коршиноси сатҳи байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.
Ҳамчунин, 16-уми ноябри соли 2023 бо ташаббуси бахши тарбияи донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тақдими тақвими соли 2024 ва нишони сарисинагӣ бо расми Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон ва намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. Дар аксия 60 тақвим ва 50 нишони сарисинагӣ ба ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада тақдим карда шуд. Инчунин, рӯзи мазкур дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангии ансамбли “Бонувон”-и донишкада озмунҳои “Килки сабз” ва “Қироати беҳтарини шеър дар васфи Президент”, ки аз ҷониби бахши тарбияи донишкада роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмунҳо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Фаъолияти эҷодии донишкада дар соли 2023 низ пурбор буда, як қатор чорабиниҳои сатҳашон гуногун багузор гардиданд. Аз ҷумла, 10-уми марти соли 2023 дар муассиса бо иштироки ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, устодон ва донишҷӯён консерти хатмкунандагони кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) баргузор гардид.
Дар донишкада рӯзи 4-уми майи соли 2023 дар доираи баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» намоишномаи театрии омоданамудаи устодону донишҷӯёни факултаи санъати театрӣ ва режиссураи донишкада зери унвони «Дод аз дасти Афандӣ», ки аз тарафи муассиса ба фестивал-озмун пешниҳод шудааст, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Рӯзи 26-уми майи соли 2023 дар донишкада дар доираи силсилачорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 50-солагии донишкада ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон силсиланамоиши намоишномаи “Нағмаи ҷинояткорон” аз рӯйи асари Эгон Раннет таҳти коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Тағоймурод Розиқов барои донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳои шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин шуда, намоишномаро тамошо карданд.
Рӯзи 2-юми октябри соли 2023 дар донишкада бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада маҳфили эҷодии шеъру суруд таҳти унвони “Маснавихонӣ” баргузор гардид.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар соли 2023 Маҳмадализода Мубассир аз рӯйи номинатсияи композитори жанри академӣ сазовори ҷойи 1-ум, Табаров Беҳрӯз аз рӯи номинатсияи навозандагии анъанавӣ сазовори ҷойи 2-юм ва Шарипов Бахтовар аз рӯйи номинатсияи композитори жанри анъанавӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Дар соли равон барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф, фарҳангу санъат ва омода намудани кадрҳои болаёқат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони донишкада Сафиева Моҳрухсор бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Шарофиддинзод Муслиҳиддин бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуданд.
Пас аз шунидани ҳисоботи ректори донишкада намояндагони ВАО-и мамлакат ба пурсишҳои худ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.
ҚУДРАТОВ Сино