Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ ва эҷодӣ таҳти унвони : «Фазои маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ва санъат» доир гардид.

Барномаи конференсия аз ҷаласаи пленарӣ ва се бахш иборат буд.  Қисмати  пленарии он дар толори “Арғунун” бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён  ҷараён гирифт. Нахуст сухани ифтитоҳии ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон бобати аҳмияти баргузории чунин нишастҳои илмӣ-назариявӣ ва эҷодӣ шунида шуд. Сипас бо маърӯзаҳои «Касбият дар телевизион ва тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ»  мудири кафедраи рӯзноманигории телевизион, доктори илмҳои филологӣ Зулфиддин Муъминҷонов, «Проблемаҳои  актуалии бойгоншиносӣ: вазъи омодасозии мутахассисони бойгоншинос, дастовардҳо ва мушкилот»  номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи бойгоншиносӣ Раҷабалӣ Ҷобиров баромад карданд.

Аз суханронии ифтитоҳии ректори донишкада ва аз  маърӯзаҳои баромадкардагон  ба хулоса омадан  мумкин аст, ки ДДФСТ ба номи Мирзо  Турсунзода ҳамчун пойгоҳи асосии тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳангу санъат  дар ҷомеаи муосир миёни дигар донишгоҳу донишкадаҳо нуфузу эътибори хоссаи худро дорад, ки ин метавонад дар рушди бемайлони соҳаи фарҳанг мусоидат намояд.

Бахши аввали конференсия таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, профессор Р. Амиров ва номзади илмҳои фалсафа М. Умедов дар толори Шӯрои олимони донишкада, пас аз баргузории ҷаласаи пленарӣ ҷараён гириф . Мавзӯи ин бахш  «Фазои маънавии ҷомеа ҳамчун омили пешрафти фарҳанги миллӣ» унвон гирифта, дар он аз рӯи 35 маърӯза иштирокчиён баромад карданд.

«Тарбияи кадрҳо ва нақши онҳо дар таъминсозии фазои маънавӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» чунин унвон гирифта буд, бахши дувуми конференсия, ки дар синфхонаи № 55 бо ҷамъи профессорон, омӯзгорон, докторандон, магистрон ва донишҷӯён сурат гирифт. Роҳбарони бахш  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ф. Мирахмедов ва иҷрокунандаи вазифаи дотсент Л. Ниёзов  таъин гардида буданд. Иштирокчиён дар ин бахш 31 маърӯза пешниҳод карда буданд ва тибқи вақти муайяншуда иштирокчиён бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.

Бахши сеюм «Барномаҳои эҷодии кафедраҳои тахассусӣ» барномаҳои ҳунарии донишҷӯён ва устодони кафедраҳои фортепиано ва гузориши овоз, мусиқии созӣ, созӣ- иҷрокунандагӣ, сарояндагии халқӣ шунида шуд. Роҳбарии ин бахшро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Б. Нарзуллоев ва Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Қурбонов ба уҳда доштанд.

Мақолаҳои ба  конференсия пешниҳодшуда  интихобан дар маҷмӯаи мақолаҳои конфренсия бо номи  «Фазои маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг ва санъат»  ба нашр хоҳанд расид.

Бобоҷон РАҲИМОВ,
омӯзгор

Чоп кунед