Мақолаи профессор С. Ятимовро таҳти унвони «Эҳёи миллат-бақои давлат», ки 30-юми августи соли равон дар саҳифаҳои шашуму ҳафтуми газетаи «Минбари халқ» ба нашр расидааст, хонандаро ба андеша водор мекунад. Хеле таҳрикдиҳанда аст. Зеро ҳадафи аслӣ эҳёи арзишҳову ормонҳои миллӣ, сарфарозиву роҳҳои расидан ба он аст.

   Дар мақола масъалагузорӣ, таҳлилу баррасии он ва натиҷагирӣ мушаххас ва барои хонанда фаҳмо мебошад, ки арзиши корро бамаротиб боло бурдааст. Аз методологияи таҳқиқи асар бармеояд, ки бандубасти мантиқӣ, пешниҳоди масъалаҳои бунёдии мавриди назари муҳаққиқ ва алоқамандии мисолҳо бо ҳадафи аслии баёншуда тавъам ва дар алоқамандӣ қарор доранд. Мавзуъҳо ба зерфаслҳо ҷудо карда шудааст, ки дарку фаҳми муҳтавои куллии мақоларо осон менамояд.

    Муаллиф ба масоили бунёдии миллӣ, аз қабили давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, дарки воқеии манфиат ва эътимоднокии субот дахл намуда, ин мафҳумҳоро чун истилоҳоти сиёсӣ баррасӣ менамояд. Ӯ бо истифода аз усули диалектӣ моҳияти «давлат», «истиқлол», «ҷаҳонбинӣ», «сохтори давлати миллӣ»-ро таҳлил намуда, таъкид мекунад, ки «хунукназарӣ, духӯрагӣ, саҳлнигарӣ дар мавриди муайянкунандагӣ, ҳимоя ва амалкарди ҷаҳонбинии сиёсӣ маънои ба буҳрон ворид кардани давлат ва зери суол бурдани онро дар назар дорад».

   Дар масъалаи манфиат ва дарки дурусти он муаллиф андешаҳои тозае ироа намуда, баъди таҳлили ҳамаҷонибаи ин мафҳум қайд мекунад, ки «эътиқод, тасаввур, хаёлот орзуву ормони ғайриилмӣ, таассуб, хурофот, фанатизм, дилбастагӣ ба мавҳумот ва абстраксия наметавонанд ҷойгоҳи манфиатро иваз кунанд». Хонанда, агар ба ин ҷумла таваҷҷуҳ кунад, барои ӯ моҳияти воқеии манфиат ва ҷаҳонбинии ғайриилмӣ чун оина равшан мегардад.

   Дар мақолаи мавриди назар навгонии ҷолиби илмӣ мушоҳида мегардад. Муаллиф марҳилаи истиқлоли миллии имрӯзаи моро «давраи Эҳёи миллати тоҷик» унвон мекунад ва бо самимият, алоқамандӣ ва меҳру муҳаббати беандоза хостгори бедории пайвандони ин миллат аст. Дар симои Пешвои миллат ӯ таҳрикдиҳанда, асосноккунанда ва пештибони Эҳёи миллиро инъикос менамояд ва ӯро роҳбари «камназир ва ватанпарвари таърихофар» меномад, ки воқеияти таърихан собитшудааст.

    Муаллиф моҳияту зарурати давлати миллиро баррасӣ намуда, афкору аъмоли нангини душманони онро фош месозад ва таъкид менамояд, ки «Бузургтарин ангезае, ки муҳтавои ҷаҳонбинии шахсро фаро мегирад, идея аст. Душманони давлати миллӣ бо ҳаннотӣ ва сӯистифода аз дин ин амалро тавонистанд роҳандозӣ кунанд. Ҷавонони зиёдро гумроҳ ва ба лашкари сарсупурдаи бозигарони геополитикӣ бар зидди манфиатҳо ва обрӯи миллати хеш сафарбар намоянд». Ҳамзамон, ӯ изҳори таассуф менамояд, ки «системмаи маърифати идеологии умумимиллии мо, мутаассифона, дар доираи мафҳумҳо, назарияҳо ва қолабҳо амал мекунад, на бар асоси идеяҳо». Яъне, вақте давлати миллӣ муқтадир мегардад, ки тамоми пайвандони онро идеяи муштараки умумимиллӣ муттаҳид намояд.

   Муаллиф таъкид ба он дорад, ки давлати имрӯзаи миллии мо бо таҷрибаи давлатдориву решаҳои таърихӣ-тамаддунӣ, бунёди қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ақлонӣ муҷаҳҳаз аст, танҳо аз онҳо босамар ва тахассусмандона баҳри манофеи миллӣ истифода намудан зарур аст. Аз ин рӯ, «Эҳёи миллатро Пешвои муаззами миллат ҳамчун Ҳаракати умумимиллӣ эълон кардааст».

   Давраи Эҳёи Ғарбро муаллиф чун намунаи таърихии Эҳёи миллӣ иқтибос намуда, симоҳои таъсиргузори он ва фаъолияти эшонро аз лиҳози методологӣ таҳлил менамояд. Ӯ шароит, сабабҳо ва механизми таҳаввулоти фикрии он давраро мӯшикофона ташхис намуда, дар ҷавҳари таълимоти онҳо ва дар маркази таваҷҷуҳи пешвоёну намояндагони маъруфи он давра тафаккури миллиро равшан нишон медиҳад ва ишорат менамояд, ки кош ҳамаи зиёиёну рӯҳониёни имрӯзаи мо мисли Лютер ва пайравони ӯ аз тафаккури қавии миллӣ бархӯрдор бошанд ва тамоюли фикрии иҷтимоиро сӯйи арзишҳову аҳдофи миллӣ роҳандозӣ намоянд, ки дар шароити кунунӣ муҳимтарин омили пойдориву бақои миллат маҳсуб мегардад.

    Аз тарзи баёни муаллиф бармеояд, ки ӯ муҳимтарин омили Эҳёи миллиро дар бедории тафаккури миллӣ мебинад ва сахт эҳсоси нороҳатӣ менамояд, ки баъзе афроди ноогоҳу ҷоҳили мо дар ҳодисаҳои нангину ҷиноятҳои сангини сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба манзалату обрӯйи миллати тоҷик иснод меоранд.

   Дар қисмати охирсухан ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистонро бо вазъи Аврупои асри XIV муқоиса намуда, бовар дорад, ки мо низ метавон аз таҷрибаи таърихии онҳо истифода намуда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиамон такони ҷиддӣ диҳем. Эҳёи миллати тоҷик зарурат ба фаъолияти ҳадафмандона, содиқона ва ошиқонаи пайвандони ин миллат дорад.

 

н.и.и. дотсент, Арабов Ф.

н.и.ф. дотсент, Амондуллоев Б.