Суханронии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ифтихори Рўзи омӯзгорон

 Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

   Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

          Устодони гиромиқадр, ҳозирини муҳтарам!

     Шуморо бо фарорасии Рӯзи омӯзгорон сидқан табрику муборакбод намуда, бароятон бахту саодат, рӯзгори хушу хуррам ва дар кори таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасози кишвар муваффақиятҳо орзу менамоям.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва рисолати ӯ дар ҷомеа таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».

     Бо ба инобат гирифтани заҳмати зиёди омӯзгор ва қадрдонӣ аз мақому манзалати муаллим бо иқдоми созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО аз соли 1994 ба ин тараф ҳар сол 5-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии омӯзгор- ҳамчун иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.

     Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар арафаи оғози соли нави таҳсил зиёд шудани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф ва муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ ба омӯзгорон далели боэътимоди ғамхории рӯзафзуни Хукумати ҷумҳурӣ аст. Дар 29-соли соҳибистиқлолии кишвар қисми зиёди муассисаҳои таълимии кишвар азнавсозӣ, бозсозӣ ва таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин карда шуданд, ки ин ҳам, пеш аз ҳама, нишонаи ғамхориҳо ба аҳли маорифи кишвар, бахусус омӯзгорон аст.

     Дар ин самт дар донишкадаи мо низ корҳои муайян ба субут расонда шудаанд. Аз ҷумла, соли гузашта маҳз тавассути дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар донишкада бинои иловагии таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки самараи Истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаи фарҳанги кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Бинои иловагии таълимӣ дорои 8 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи копютерӣ, толори сабти овоз ва филмсозӣ, толори хор ва оркестр, инчунин утоқҳои корӣ мебошад, ки то андозае шиддати норасоии масоҳати таълимиро дар донишкада камтар намуд. Ҳамзамон, ба шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ дар доираи транши 2 — юми лоиҳаи “Мукаммалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои фарҳанг ва санъат дар асоси коркард ва амалинамоии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқнамоии онҳо ба стандартҳои аврупоӣ” синфхонаи санъатшиносӣ, маркази захиравии “фарҳанг ва санъат” таъмир гардида, сохтмони чопхонаи донишкада ба охир расида, муҷаҳҳагардонии он идома дорад. Бо мақсади таъмин намудани ин синфхонаҳо бо мебелу курсиҳо ва мизҳои таълимӣ дар ҳаҷми 103 ҳазору шашсаду ҳаштод сомонӣ таҳҷизот ворид карда шуд. Дар доираи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” бошад, студияи таълимӣ, лабораторияи таълимӣ ва синфхонаҳои махсуси таълимӣ, ки барои ихтисосҳои ВАОЭ пешбинӣ гардидаанд, аз таъмир бароварда шуда, бо мебел, курсӣ ва миз муҷаҳҳаз гардонда шуданд.

      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақому мавқеи омӯзгор дар пешрафти ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

     Воқеан, рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, бо боварӣ ба иқтидори зеҳнӣ ва донишу хиради омӯзгорон дар анҷоми ин рисолати пуршараф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиёнро неруи пешбаранда ва раҳнамои имрӯзу фардои неки миллати тоҷик номидаанд.

     Бори дигар Шумо — ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат ва дар кору рӯзгоратон дастовардҳои рӯзафзун таманно менамоям.