Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии миллати тамаддунофари тоҷик буда, онро ҳар сол чун айёми зиндашавии табиат, оғози киштукори баҳорӣ ва хурсандиву шодии хурду калон дар  саросари ҷумҳурӣ таҷлил менамоянд. Вобаста ба ин, 19 марти соли равон дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз-ҷашни пайванди инсон бо табиат» бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯёни донишкада доир гардид.

   Шиъору овезаҳо, гулҳои рангоранг, рустаҳои идона ороёфта, ки аз тарафи факултаҳои донишкада  бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн ороста шуда буданд,  шаҳодат аз арҷ гузоштан ба ин ҷашни миллии тоҷикон медиҳад. Оинҳои неки наврӯзӣ, аз ҷумла  пухтани суманак, оши туппа, тайёр кардани шакароб, оши палов ва ғайра дар ҷашнгоҳ сурат гирифт ва дар ҳавои суруду мусиқӣ ба як базмгоҳи пуршукӯҳ табдил ёфт. Донишҷӯёни донишкада бо як ҷушӯ хурӯши ҷавонӣ дар ҳар гӯшаи базмгоҳ ҷамъ омада, бо садои карнаю сурнай рақсу бозӣ менамуданд, ки ба чорабинии идона шукӯҳи тоза зам менамуд.

   Сипас, дар қисмати дуюми ҷашнвора барномаи ҳунарӣ, ки зери роҳбарии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, раиси Шӯрои бадеӣ, профессори кафедраи режиссёрӣ ва продюсерӣ Сафаралӣ Қурбонов, роҳбари мусиқӣ дотсент Баҳрулло Нарзуллоев,  коргардонии   Ашӯрмаҳмад Ғуломов, Маҳмадалӣ Сангов, С. Мирмуллоева, Н. Султонова, С. Раҳимова ва коргардони овоз Н. Нуров таҳия гардида буд,  пешкаши  ҳозирин гардонда шуд. Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳамагонро ба ҷашни бостонии Наврӯз табрик намуд. Ҳамчунин, собиқ ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайриддин Усмон, шоир ва адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ таманниёти хешро ба ҳозирин расонда, ба онҳо саломативу комёбӣ орзу намуданд.

   Баъдан, сурудҳои «Нағмаҳои мавригӣ», «Ишқи ман», «Табхоли лола», «Иди Наврӯз», «Боғчара бин, сабза дорад», «Наврӯзатон муборак», «Рақси ҳиндӣ» ва рақси «Остин»   дар иҷрои устодону донишҷӯён иҷро гардиданд. Дар доираи барномаи консертӣ бозиҳои хоси ин ҷашни ниёгон – тухмҷанг, гӯштингирӣ ва бозиҳои озмунӣ «Ҷилваи чакан» дар сатҳи хеле баланди ҳунарӣ гузаронда шуданд, ки хотири ҳозиринро болида гардонданд.

 

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД,
донишҷӯи курси 3 — юми шуъбаи
рӯзноманигори телевизион