Имрӯз бо ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи силсилачорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.              Ба кори конфронс Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини халқҳои ориёӣ, алалхусус форсизабон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологии давраҳои таърихӣ, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.  Ҳатто шикасту нокомиҳо аз ҷониби ақвоми мухталиф ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистаанд, чизе аз бузургию шаҳомати ин ҷашнро кам кунанд. Баръакс, Наврӯз ба мисли дарахти барӯманди ҳамешасабзе бо гузашти солҳо бар умқи қалбҳои халқҳои эронитабор решаҳояшро устувор карда, беш аз пеш қавитару пурбортар гардида, ҳамзамон ба ҷашни миллии халқҳои дигар кишварҳо низ табдил ёфтааст.

    Зикр гардид, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Саъю  талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохтанд ва эътироф карданд.

    Дар ин самт, махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Наврӯз ва таҷлили бошукӯҳи он арзандаву сутуданист. Зеро маҳз бо ташаббуси Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдории  кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  қабул  шуда, дар он 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон  гардид.

    Ректори донишкада инчунин, тазаккур дод, ки Наврӯз яке аз унсурҳои асосии ҳувиятсози миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихии миллат ба унвони ҳалқаи пайванди наслҳо, намоди ваҳдат ва бақои он будаасту мебошад.       Сипас, муовини ректори донишкада  оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Аминӣ Алишер дар мавзуи “Наврӯз – таҷаллиии сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати башарӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати фарҳангдӯсту фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии гузаштагонро мавриди истифода қарор дода, дар баробари он таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд. Имрӯз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад ва онро бо тобишҳои нав ба оламиён муаррифӣ менамояд.

     Дар конфронс инчунин, муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод, муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Хайруллозода Баҳрулло, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳром, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муминова Ҳаётхон, профессори фахрии кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ Гавҳар Умарова, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Амондуллоев Б.С., омӯзгори калони кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ Шарофидинзод Муслиҳиддин, котиби Шурои олимони донишкада Қудратов Сино, мудири кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ Гурезов Шамсиддин, мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ Зулфия Мирзода, мудири кафедраи эҷодиёти халқ Раззоқов Т.С. ва унвонҷӯёни кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ Ёрматов Ҳакимҷон ва Собиров Фирӯз маърузаҳои омоданамудаи худро ироа намуда, доир ба таърих ва ҷойгоҳи  Иди байналмилаии Наврӯз маълумот доданд.

          Иштирокдорони конфронс ба ин назар буданд, ки посдории расму суннатҳои наврӯзӣ василаи беҳтарини поксозии ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина мебошад. Ин амр онҳоро водор месозад, ки адлу инсофро риоя намоянд, ҳамдигарро дӯст доранд ва ба корҳои неку созанда даст зананд. Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди мо сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари дунё хизмат мекунад.

 

ҚУДРАТОВ Сино