Таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

   Ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ иштирокдорони семинарро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз таҳният гуфта, дар мавзӯи «Аз таърихи  пайдоиши  Наврӯз ва маросимҳои  наврӯзӣ»  суханронӣ намуд. Ӯ дар асоси асарҳои таҳқиқотӣ ва сарчашмаҳои илмӣ таърихи пайдоиши Наврӯзро мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода, зикр намуд, ки «бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоёт,  ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул бозмегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсиву бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Дар баъзе ривоёт Зардуштро низ ба унвони бунёдгузори Наврӯз ёд кардаанд».

   Муҳриддин Низомӣ суннат ва анъанаҳои хоси наврӯзиро, ки омили ваҳдату иттифоқии мардумони курраи арз маҳсуб меёбанд, ба риштаи таҳлил кашида, иброз дошт, ки нигоҳдорию посдории расму ойинҳои  ҷашни Наврӯз барои ҳар як фарди худогоҳ амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Зеро дастовардҳои моддию маънавии мардумони ориёитабор на танҳо натиҷаи талошу заҳматҳои абармардони ин халқу миллат, балки дорои ҳикмату хусусияти табиидоштаи онҳо низ мебошанд, ки дар муқобили ин ҳама хатару таҳдидҳои дар тӯли таърих бамиёномада арзиши худро аз даст надоданд.

   Дар ҷаласаи ифтитоҳии семинар ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Мирахмедов дар мавзӯи  «Мавқеи ҷашни Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон» ва мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Мустафо Қаландаров дар мавзӯи “Ҳафтсин-муҳимтарин рамзи ҷашни Наврӯз” суханронӣ намуданд. Иштирокдорони ҳамоиш ба ин назар буданд, ки суннатҳои ҷашни Наврӯз  омили хубе дар муаррифӣ ва ҳифзу нигоҳдории таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҳсуб ёфта, онҳо дар ташаккули  худшиносии миллии ҷомеа, махсусан насли наврас мусоидат менамоянд. Наврӯз табиату инсонро ба ҳам пайванд медиҳад ва маҳз дар ҳамин ҷашн инсонҳо кинаву адоватро аз қалбҳояшон берун карда, шодию хурсандӣ мекунанд.

   Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Наврӯз — рукни худшиносии миллӣ» дар ду бахш-  “Инъикоси суннатҳои ҷашни Наврӯз дар намоишҳои театронидашуда”  ва  “Нақши ҷашни Наврӯз дар ташаккули фарҳанги миллӣ”  ҷараён гирифта, дар он 12 маърӯзаи илмӣ матраҳ гардид.

Муллоаҳмадщоҳ ЧУРҒОСИЕВ ,

мудири шуъбаи омодакунии

кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ