Базми гул дар чамани наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани наврӯз аст.

               Воқеан, дар масири таърих эълон гардидани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар ҷаҳон барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунофари мо бузургтарин дастоварди нодир маҳсуб меёбад. Зеро тавассути ин ҷашн мо фарҳанги бою ғанӣ, таърих ва миллати инсондӯсту поксиришту покнажод буданамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем. Пас барои ҳар як фарди тоҷик вазифаи муҳим аст, ки ин ҷашнро бо тамоми унсурҳо ва истиқболи тасмимӣ таҷлил намояд ва дар ин рӯз ба тамоми сунатҳои он пайравӣ намояд. Дар сатҳи баланд ва бо тамоми масъулият истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯз аз худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандорию ватанпарварии ҳар як фард шаҳодат медиҳад. Ҷашни Наврӯз аз зумраи ҷашнҳоест, ки баробари фаро расидани он шодию нишот ва эҳсоси гарми заиндагӣ ба машом мерасад. Муҳимтарин сунатҳои наврӯзӣ, ки барои камол бахшидани маънавиёт ва ҷаҳонбинии шахс муассир аст, зудуда намудани кинаву бухлу адоват ва бо дили пок истиқбол гирифтани рӯзи навро бо ниятҳои нек иборат мебошад. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ниҳоди миллати тоҷик поку беғараз аст. Маҳз дар рӯзи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз сари як дастархон ҷамъ омадан, аз дӯстиву рафоқат ҳарф задан, таомҳои хоси аҷдодиро омода кардан, маҳфилҳои рақсу сурудхонӣ ва бозиҳои варзишии гуногун ташкил намудан аз таърихи миллати инсондӯсту инсонпарвари мо дарак медиҳад.

     Агар ба таърихи ҷашни Наврӯз амиқтар назар афканем, воқеан баробари расидани ҷашни Наврӯз рӯзу шаб баробар гардида, соли нави аҷдодии мо фаро мерасад. Дар ин бора дақиқтар Абӯрайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум хуб ишора кардааст. Мавсуф дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

    Дар рӯзи наврӯз табиат ба бар ҷомаи нав карда, деҳқон нахустин донаи умеди зидагиии наву шодмонро ба замин мепошад. Фазои наврӯзӣ ба дили ноумедон ва дилшикастагон умед ва ба заифон неруву тавоноӣ, ба пирон ҷасорату мардонагӣ, ҷавонмардӣ ва ба ҷавонон саманди андешаҳои инсонпарварона ато мефармояд.

   Маҳз бо ибтикор ва ташабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон 23-юми феврали соли 2010 дар 64-умин Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин иқдоми беназир метавонад байни тамоми давлатҳо пайванди сулҳу дӯстӣ ва иттиҳоду ҳамбастагиро ба бор орад.

    Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун  ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ,  бародарӣ, нерубахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ ва асотирии халқҳои гуногун Худованд офариниши ҷаҳонро дар оғози  фасли баҳор, яъне дар айёми Наврӯз шуруъ кардааст. Халқҳои эронинажод то замони зуҳури ислом ва баъди он низ Наврӯзро рӯзи аввали сол меҳисобиданд. Ин тарзи ҷашнгирии Наврӯз то ба мо омада расидааст ва ҳамасола он дар саршавии соли нави миллии мо, ки ба рӯзи якуми моҳи фарвардин ё худ 21-уми март рост меояд, таҷлил мегардад. Таманно мекунам, ки фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз ба ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо  барои мо орандаи муваффақиятҳои беназир бошад.

Ватан озоданаврӯзат муборак,

Шукӯҳи бахти пирӯзат муборак.

Ту ҳастиву ҳавас дар синаҳо сабз,

Баҳори оламфрӯзат муборак.

Корманди донишкада

ҚОСИМОВ СУЛТОН