Дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи фарҳанг бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода,  Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода, директори Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессорон — Урватулло Тоиров, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Бадриддин Мақсудов, ҳайати устодону донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада устодон ва ҷамъи ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ  ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ  бо Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд. Ба гуфтаи ӯ, шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз инчунин аз оғози зуҳураш иди воқеии кишоварзон мебошад, ки нақши он, пеш аз ҳама, дар шудгори замину пошидани донаи умед, шинондани ниҳолу тоза кардани наҳрҳо, кандани ҷӯю обод намудани маҳалли зист, тозаву озода кардани хона ва дигар корҳои хайр таҷассум меёбад. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва маънавияти солим, пиндору гуфтору кирдори нек аст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимнан тазаккур дод, ки Наврӯз ҳамсоли миллати тоҷик аст ва он дар кишвари мо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати  тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, мақоми байналмилалӣ пайдо кард. Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо-тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба шумор рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

 Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид кард, ки посдории расму суннатҳои наврӯзӣ беҳтарин василаест, ки ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина соф мегардад ва онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд. Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиямон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Оину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки дар давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири миллӣ ва мардумӣ солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҷлил қарор мегирад ва ба таври шоиста доир кардани маросими ҷашнӣ, махсусан  дар муҳити илмию маданӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз авлавиятҳои ихтисосӣ, ҳунарӣ ва маданӣ маҳсуб мешавад.

Урватулло Тоиров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. ишора кард, ки Наврӯз асл ва моҳияти фарҳанги миллӣ дар тамоми давра ва мароҳили таърихӣ будааст ва имрӯз зарурати бозшиносӣ ва таҳқиқи ҷиддии Наврӯз ва маросимоти он пеш омадааст.  Мавсуф, ҳамчунин тазаккур дод,  ки  рисолати мо ба унвони меросбарони фарҳангу тамаддуни миллӣ дар  эҳёи  суннатҳои наврӯзӣ, маросимоти ҷашнӣ ва бар мардум бозгардонидани мушаххасоти оинӣ зоҳир мегардад. Бинобар ин, муваззафем, ки дар масири бозшиносии арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи бостонӣ ҷиддӣ қадам бардорем ва Наврӯзро  дар сатҳи баланди оинӣ ва маросимӣ муаррифӣ созем.

Қобили тазаккур аст, ки тадорукоти ҷашнӣ дар робита бо маросимоти наврӯзӣ дар донишкада саҳаргоҳи рӯзи 18 — уми март фазои мутантани идона касб намуд. Саҳни муассиса ва наврӯзгоҳ бо шиору овезаҳои “Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!”, “Наврӯз шуд ҷаҳонӣ”, “Наврӯз муборак бод!”, ки бо ҳафт забон — тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва озарбойҷонӣ навишта шуда буданд, оро дода  шудаанд. Кафедра ва факултаҳо бошанд, дар ду тарафи роҳрави донишкада суфраҳои идӣ густурдаанду  дар гӯшаҳои вижа дастовардҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯён ба намоиш гузоштаанд. Дар гӯшаҳои алоҳидаи саҳни наврӯзӣ тамриноти шогирдон ва мусобиқоти гуногуни варзишӣ дар ҷараён буд.

          Пас аз анҷоми маросимоти ҷашнӣ, дар “Наврӯзгоҳ”-и донишкада тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки меҳмонон дар қолаби барномаи махсуси фарҳангӣ-фароғатӣ манзури тамошобинон гардонида шуд. Чорабинии ихтисосии фарҳангӣ ва эҷодӣ бо прологи “Гулҳои наврӯзӣ”, ки донишҷӯёни шуъбаи хореография таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Искандаров иҷро гардид, ифтитоҳ ёфт. Дар прологи наврӯзӣ ҳикмат ва фалсафаи Наврӯз, ки бо шаҳриёри устураии миллӣ — Ҷамшеди Пешдодӣ иртиботи бевосита дорад, бозгӯ шуд.

  

Дар барномаи идона  аҳли  ҳунар, аз ҷумла иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Лола Азизова, дотсенти кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Хосияти Зарафшонӣ, муаллимаи кафедраи сарояндагӣ (халқӣ)  Ибодат Раҷабова, роҳбари ансамбли Фалаки донишҷӯён Ҳаким Дамдоров ва дигарон  бо суруду рақс ва таронаҳои наврӯзӣ хотири ширкаткунандагони ин ҷашни бостониро болида гардонданд.

       Дар чорабинии мазкур як гурӯҳ устодони донишкада барои хизматҳои арзанда дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар, маорифу илми ватанӣ, саҳми арзанда дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, гиромидошти мероси фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани савияи ғоявию ахлоқӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии  донишҷӯёну мутахассисони ҷавон бо нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

        Дар қисми дувуми тантанаҳои наврӯзӣ, ки бо ширкати меҳмонони ҷашнвора дар Театри таълимии донишкада бо унвони “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо” баргузор гашт, донишҷӯёни шуъбаи режиссураи намоишҳои театронидашуда, филми бадеӣ ва санъати актёрӣ ҳунарнамоӣ карданд. “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо” — ро Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ,  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Россия — Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо таҳия намудааст, ки иштирокдорони ҷашнвора бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

        Дар интиҳои барнома Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бори дигар ҳозиринро бо Иди Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба намоишномаи театронидашудаи “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо”, ки  басаҳнагузорандааш худи устод Ҳошим Гадо мебошад, баҳои баланд дод.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ