Сухани табрикии мудири бахши иттилооти Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода ба ифтихори Рўзи дониш дар МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода», 17 августи соли 2020

 

       Устодони муҳтарам, донишҷўёни азиз!

 

   Оғози соли нави таҳсилро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям. Махсусан ҷавононе, ки донишу малакаи худро нишон дода, номи пурифтихори донишҷӯро сазовор гардиданд ва имрӯз нахустин қадамҳои худро ба ин даргоҳи илму боргоҳи маърифат гузоштанд, таҳсили хубу аълоро таманно карда, орзуманди онем, ки дар оянда ҳамчун кадрҳои сазовор ба воя расанд ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор гарданд.

   Ҷойи ифтихор аст, ки чун анъана дар ин айём ба муносибати оғози соли хониш аз ҷониби Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои нави таълимӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон бо омӯзгорону донишҷӯён ва масъулини соҳаи маориф мулоқот анҷом дода шуд.

   Имрӯз суханронии Сарвари давлатро ба муносибатиг Рӯзи дониш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раќами 102 — и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шунидем, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф баён гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои болаёқат нигаронида шудааст.

   Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба ин муҳимият иброз доштанд: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд».

   Новобаста аз вазъи мураккаби молиявӣ, раванди буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини босуботи ояндаи кишвар ва рушди бомароми ҷомеа ба соҳаи маориф ҳамчун самти муҳимми иҷтимоӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, пайваста пешрафти онро дастгирӣ менамояд.

   Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд мегардад. Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба 10 фоиз зиёд карда мешавад.

   Маврид ба зикр аст, ки соли равон аз ҳисоби ҳамаи  сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 163 иншооти соҳаи маориф барои 33 ҳазору 110 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

   Бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ  корҳои  бузурги созандагӣ ҷиҳати беҳтар намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони мактабҳои нав дар маҳалҳои аҳолинишини навбунёд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, дар деҳаҳои дурдаст бо маром идома дорад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ аз соли 2018 то инҷониб 1342 иншооти  таълимӣ ва томактабӣ бунёд ва таъмир гардидаанд. Аз инҳо 238 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 80 кӯдакистон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар сохта ба истифода дода шудааст.

   Ҳамзамон, дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 5 муассисаи    томактабии хусусӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд гардидааст. Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400  муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.

   Пешрафти ҷаҳони муосир, саноатикунонии босуръати кишвар дар баробари омӯзиши дигар фанҳои таълимӣ, тақвияти омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро тақозо менамояд. Дар ҳамин замина, зарурат пеш омадааст, ки азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Аз ин лиҳоз, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши ин фанҳо ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудаанд.

   Дар асоси ин санад қабули «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ», «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳои муҷаҳҳази таълимӣ» барои солҳои 2021-2025 ба нақша гирифта шудааст.

   Сулҳ чун неъмати бебаҳо барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дошта, ғояи сулҳ рамзи устуворӣ ва пойдории халқи тоҷик буда, омили таҳким бахшидани ҳисси баланди худшиносӣ мебошад, ки мо бояд ба қадри сулҳ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа боз ҳам бештар тарғиб намоем. Зеро маҳз дониш омили муҳим барои таҳкими сулҳу субот ба шумор рафта, дар меҳвари асосии Истиќдолияти давлатӣ қарор дорад ва барои зиндагии шоиста, таъмини осмони софу беғубор, оромии ҷомеа ва дар маҷмӯъ, барои рушду тараққиёти давлату пешрафти кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.

   Ҳамчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки маоши омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ то 15 фоиз зиёд карда шуда, ҷоизаи махсуси давлатӣ барои олимону омӯзгорони ин фанҳо таъсис дода, ҳар сол то 15 нафар ба ин мукофот сарфароз гардонида шавад.

   Бо вуҷуди дастгириҳои доимӣ ҳоло ҳам норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат ба мушоҳида расида, дар ҷумҳурӣ 2959 нафарро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин масъала, тибқи маълумоти оморӣ қариб 2000 нафар докторант аз рӯи ихтисос (PhD) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиро хатм карда бошанд ҳам, мутаассифона, дар асоси маълумоти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 5 нафар рисолаҳои худро ҳимоя намудаанд, ки бештари онҳо дар гурӯҳҳои буҷетӣ таҳсил намуда, бо стипендия ва роҳбарони илмии онҳо бо маош таъмин буданд.

   Дар кишвар шурӯъ аз соли 2015 КОА назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби он айни ҳол 59 Шӯрои диссертатсионӣ таъсис гардида, фаъолият дорад. То ин ҷониб дар шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 488 нафар ва дар 19 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 соли охир 1155 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя кардаанд.

   Бо вуҷуди ин, вазъи воқеии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вобаста ба таъмин бо омӯзгорони дараҷаҳои илмидошта, мутаассифона, қонеъкунанда нест. Бинобар ин, ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла шумо, муҳтарам устодони муассисаи мазкур зарур аст, ки барои ҳарчи бештар соҳиб шудан ба дастовардҳо дар самти ворид гардидан ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, дар ҳамин замина таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, тақвияти фаъолияти технопаркҳо, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ ва ба ин васила пайвасти илм бо истеҳсолот, ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандону омӯзгорон, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таълиму тарбия бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионии муосир, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, таъмин кардан бо китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат муҳим арзёбӣ мегардад.

   Дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз иќдомҳои созандаи шумо дастгирӣ карда, минбаъд низ барои рушди соҳаи маориф ҳамаи чораҳоро амалӣ менамояд ва баҳри фароҳам овардани шароити муосири таълим аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.

   Бо истифода аз ин фурсати муносиб аз шумо — муҳассилини азиз даъват ба амал меорем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда ҳамчун фарзанди арзандаи диёри худ барои ободии Ватани азиз содиқона хизмат намоед. Боварии комил дорем, ки ҳайати устодони ин боргоҳи таълимӣ ва донишҷӯён моҳияти суханронии Сарвари давлатро ба муносибати оѓози соли хониш дарк намуданд ва барои амалӣ сохтани дастуру супоришҳое, ки зимни суханронӣ баён гардиданд, ҷидду ҷахд намуда, соли нави таҳсиле, ки имрӯз оғоз гардид, бо сарбаландиву муваффақиятҳои назаррас ҷамъбаст хоҳанд кард.

   Дар охир ба ҳар яки шумо тансиҳативу хонаободӣ ва ба фаъолияти пурмасъули омӯзгориву давраҳои хуши таҳсилатон комёбиҳо орзумандам.

    Рӯзи дониш муборак!