Дар Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  ҷаласаи навбатии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи ташкилот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз», доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин  ба ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд,  ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилот фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, мутобиқи нақшаи корӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо доир намуд. Гуфта шуд, ки дар ин давра шаш маротиба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати доираи васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон дар толори «Арғунун» мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифт. Дар бораи  сетои он дар рӯзномаҳои «Мароми пойтахт» ва «Баҳори Аҷам» гузоришҳо  ба табъ расиданд. Мавсуф иброз дошт, ки Паёми Сарвари давлат ба таври алоҳидагӣ дар факултаҳои донишкада низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Муовини ташкилоти ҳизбӣ Бозорбой Холов дар конфронси илмии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «Уфуқҳои сиёсати китобдории Пешвои миллат» маърӯза намуд.

Ҳамзамон бо ин, дар давраи ҳисоботӣ аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар аксияи «Ҷавонони соҳибистеъдод — пайравони  Пешвои миллат», ки дар саҳни донишкада баргузор гардид, саҳми арзанда гузоштанд. Дар аксияи мазкур дастаҳои ҳунарӣ ва омӯзгорон низ бо номераҳои консертӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Қобили тазаккур аст, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» якҷо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар аксияҳои ниҳолшинонӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар чанд маҳаллаи ноҳияи Сино, фаъолона ширкат варзиданд.

Қабули аъзоён ба сафи ҳизб яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ 28 нафар аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони донишкада бо аризаи шахсиашон ба сафи ҳизб шомил гардиданд.

Мутахассиси шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳбоз Назаров зимни натиҷагирии ҷаласаи ҳисоботӣ фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобид.

                                       Шариф  НАБОТОВ,

муовини декани факултаи

                                                          китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ