Имрӯз  дар толори Театри  таълимии   МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода» тибқи  нақша — чорабиниҳои тасдиқгардида  вохӯрӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ  ва  Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  назди президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон   баргузор  гардид.  Ҳадаф  аз  ин вохӯрӣ  пеш  аз  ҳама вобаста  ба  тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, баланд   бардоштани  ҳувияти  миллӣ, маърифати  ҳуқуқӣ , ташакули  тарзи  ҳаёти  солим, пешгирии ҷинояту  ҷинояткорӣ, оворагардию  кирдорҳои  зидиахлоқӣ, шомилшавии   наврасону  ҷавонон ба  ҳизбу  ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, худкушӣ  ва  сӯи   қасд  ба  ҷони худ,  хариду  фурӯши  одамон,  пешгирии нашъамандӣ, экстремизм  ва  терроризм ва  дигар  самтҳои афзалиятноки  сиёсати давлатии ҷавонон миёни донишҷӯёну устодон  баргузор  гардид.

Дар  ин  вохӯрӣ   Муродзода Фирӯза    —  Подполковники  хизмати назорати  маводи нашъаовар,  муовини  сардори  шуъбаи  назорати  муомилоти  маводи  нашъаовари Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок  намуд.

Саравал  меҳмони гиромиро  муовини ректор  оид  ба  корҳ тарбия  ва  иҷтимоӣ  Наимзода  Дилором  Наим  аз  номи  раёсати МДТ «Донишкадаи  давлатии фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи Мирзо  Турсунзода» ба  донишкада  хайрамақдам  гуфта, суханро  ба  меҳмони  гиромӣ   дод.

Муродзода Фирӯза миннатдории хешро барои  ташкил  ва  баргузории чунин  як  чорабинии муҳташам  баён  намуда,  қайд  намуд,  ки  хушбахтона  имрӯз   дар  саросари  мамлакати  азизамон — Тоҷикистони  соҳибистиқлол   нашъамандӣ коҳиш  ёфта  истодааст. Мавсуф зикр намуд, ки тибқи омори аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ба мо расида  то имрӯз  аз  ҳисоби  донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии кишвар ягон нафар ҳамчун нашъаманд ё вобастаи маводи мухаддир ба қайд гирифта  нашудааст.  Ҳамзамон зикр гардид, ки  дар шабакаҳои  интернетӣ  ба  ҳар  гуна  ролику наворҳои таблиғкунандаи зуҳуроти номатлуб дода нашуда, ба муҳтавои онҳо бовар   накунед,   чунки онҳо аксаран аз   тарафи  хоинони   миллат   расонаӣ гардида, барои вазъи   сиёсӣ ва  иҷтимоии  саёраро  ноором   сохтан  равона гардидаанд.  Бояд  ҳар  як  ҷавони баору  номус ҳис  намояд,  ки  дар  ватани  биҳиштосо умр   ба  сар   бурда   истодааст  ва ин   тинҷиву   амониро  мисли    гавҳараки   чашм  ҳифз     намояд.   Дар   равандхои  муосири  саёра ва вазъи минтака ҳушдор менамояд,   ки  мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надихем ва барои химояи амният, вахдати миллӣ, сулху субот, волоияти конун  ва оромиву осудагии кишвари махбубамон  хамеша омода  бошем.  Азбаски имрӯз  наврасону   ҷавонон  таваҷуҳашон  нисбат  ба  шабакаҳои иҷтимоӣ   хело  бисёр  ба  назар  мерасад аз устодону  донишҷӯёни  дар  толор ҳузурдошта   хоҳиш карда шуд,  ки   аз    шабакаҳои  интернетӣ   самаранок  ба  манфиати  худ   кор  баранд.   Баъди  суханронии    Муродзода  Фирӯза    саволу  ҷавоб   бо  аҳли  толор  сурат  гирифт.  Сипас  мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони донишкада Кароматулло  Юсупов   ба  сухан  баромада,  барои чунин  як  сӯҳбати  пурмуҳтаво  изҳори миннатдорӣ  намуд.  Кароматулло  Юсупов   қайд  кард,  ки доир  ба  масъалаи пешгирии нашъамандӣ ва паҳн гардидани маводи  мухадир  дар  дарсҳои  тарбиявӣ  аз  ҷониби  роҳбарони  курсҳо  пайваста  сӯҳбату  вохуриҳо   гузаронида  мешаванд.  Дар  интиҳои чорабинӣ    аз   ҷониби донишҷӯёни курсҳои  сеюми  шуъбаи  актёрӣ бо  роҳбарии оимӯзгори  ҷавон  Алиев  Сомон  саҳначаи  тарбиявӣ   оид  ба  зарару паёмадҳои истифодаи  маводи  мухадир  ва  ба  кадом  роҳ оварда  расонидани нашъамандӣ    пешкаши  хозирин  гардонида  шуд.

Устодону донишҷӯён аз ин вохурӣ  таассуроти  ҷолиб бардошта, баргузории чунин вохуриҳоро судманд арзёбӣ намуданд. Муродзода  Фирӯза баъди   тамошои   саҳначаи  тарбиявӣ  ба  истеъдод ва ҳунари нақшофарии донишҷуён  баҳои баланд  дод.

Кароматулло ЮСУПОВ,

мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони

МДТ  «ДДФСТ ба номи  Мирзо  Турсунзода»