№29 (3823) 06.03.2018 2 марти соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон (ДДФСТ) ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 106-солагии матбуоти тоҷик конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори электронии телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» баргузор гардид.

Онро ректори донишкада, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Идиев ифтитоҳ намуда, оид ба нақши ДДФСТ дар ­тарбияи журналистони ҳирфаии телевизион суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки дастпарварони донишкада дар шабакаҳои телевизионии кишвар бомуваффақият фаъолият доранд.

Ба конференсия беш аз 20 маърӯзаи устодони донишкада ва меҳмонон аз кафедраҳои журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хис­рав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. ғафуров, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ҳамчунин шогирдони ДДФСТ пешниҳод гардид.

Мудири кафедраи рӯзноманигори телевизиони донишкада Зулфиддин Муъминҷонов дар мавзӯи «Нақши воситаҳои электронии телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои фарҳангии замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карда, фаъолияти кормандони ин ду дастгоҳи муҳими иттилоотро дар давраҳои гуногун мавриди таҳлил қарор дод. Қайд гардид, ки тараққиёти ҷомеа минбаъд аз бисёр ҷиҳат ба рушду ривоҷи воситаҳои электронии иттилоот вобаста хоҳад буд.

Маърӯзаҳои докторони илм­ҳои филология, профессорон- Абдусаттор Нуралиев ва Мурод Муродов ба мавзӯъҳои «Вазифаи фарҳангпарварии журналистика» ва «Муносибати сотсиологӣ дар инъикоси масъалаҳои фарҳангӣ» бахшида шуд.

Инчунин, дар бахши аввали конфронс масъалаҳои алоқаманди нақши воситаҳои ахбории электронии оммаи ҷумҳурӣ дар инъикоси ҳаёти фарҳангӣ ва дар бахши дуюм мавзӯи «Жанрҳои журналистика ҳамчун инъикосгари ҳаёти фарҳангӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

 Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»

Чоп кунед