Бо ҳамин унвон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии «Бойгонишиносони ҷавон» баргузор гардид. Дар маҳфил декани факулта Зафари Шариф, мудири кафедраи бойгонишиносӣ, н.и.т., дотсент Мамадазимова М.М., мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, н.и.п., дотсент Сайфуллозода Б., роҳбарони гурўҳҳои таълимӣ, донишҷўён, кормандони Китобхонаи илмии донишкада фаъолона иштирок намуданд.

     Бозорбой Сайфуллозода перомуни ташаббусҳои Пешвои миллат дар бораи баргузор намудани озмуни «Фурўғи субҳи донои китоб аст» сухан ронда, ғолибони даври шаҳрии озмунро табрику муборакбод намуд.

    Майрам Мамадазимова оид ба нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, барои сарҷаъм кардани ниҳодҳо, иттиҳодияҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар Сарвари давлат Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис доданд.

     Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» роҳандозӣ гардид, ки Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим-Шоҳроҳи Ваҳдат» якҷо бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2000, 2002 ва 2006 ташкил ва баргузор намуд. Роҳбарон ва намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҳудуди онҳо бояд Корвони сулҳу Ваҳдат мегузашт, қабул, пазироӣ ва гусели меҳмононро (намояндагони шаҳру ноҳияҳо ва меҳмонони хориҷиро) дар сатҳи баланд ба роҳ монданд.

       Зимнан ёдрас гардид, ки дар «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» устодони МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Махсудзода Фарҳод Махсуд, Ҷумъа Қуддус, Маҳмадалӣ Сангов, Соро Раҳимова фаъолона ширкат варзиданд.

                                      Нарзиой ХОЛИБОЕВА,

ассистенти кафедра