Имрӯз дар Театри таълимии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”чорабинии фарҳангии солинавӣ баргузор гардид, ки дар доираи он барои наберагон ва фарзандони хурдсоли кормандони донишкада ва меҳмонон намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid-2”, ки муаллиф ва таҳиягараш муовини ректор оид ба таълим Фарҳод Махсудзода мебошад, ба маърази тамошо гузошта шуд.   Дар чорабинии солинавӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессорон — Урватулло Тоиров, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Бадриддин Мақсудов, Абдулло Юлдошев, ҳайати пофессорону устодони донишкада ва донишҷӯён иштирок намуда, намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid-2” ва барномаи консертии солинвиро бо завқи тамом тамошо намуданд.

Ғояи асосии намоиш аз он иборат аст, ки неруҳои бадӣ дар симои Аҷузакампир ва қувваҳои  некӣ дар симои Бобои Барфӣ барои соҳиби калиди соли 2023 шудан, ба ҳам мубориза мебаранд. Аҷузакампир бо фиребу найрангҳои худ мардумро ба бемории сироятии коронавирус гирифтор намуда, мехоҳад  бо ҳамин роҳ ба мақсад бирасад. Аммо Бобои Барфӣ аз ин нияти бади Аҷузакампир огоҳ шуда, аз мардум даъват ба амал меорад, ки дар маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19 фаъолона ширкат варзида, ҷони худу атрофиёнро дар хатар нагузоранд. Ин даъвати Бобои Барфӣ аз ҷониби мардум бо хушнудӣ пазируфта шуд ва онҳо аз ин бемории сироятӣ раҳо ёфтанд. Ниҳоят, калиди соли 2023 насиби Бобои Барфӣ, яъне неруҳои некхоҳ гардид.

      Пас аз намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid-2” барномаи консертии солинавӣ, ки фарогири шеърҳои идона ва рақсҳои ҷолиб буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки бо кафкӯбиву шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid — 2” то 10-уми январи соли 2023  дар Театри таълимии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” барои тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва хонадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.

 Синои АБУАЛӢ,

Дилшод УМАРОВ