30 — юми декабр дар Театри таълимии МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” барои наберагон ва фарзандони хурдсоли кормандони донишкада намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid” ба маърази тамошо гузошта шуд.

   Чорабинии солинавиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони намоишро бо фарорасии Соли нави мелодии 2022 самимона муборакбод намуд.

   Мавсуф зикр кард, ки дар соли 2021 мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил намуданд. Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

   Ректори муассиса бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки дар ин соли фаромӯшнашуданӣ устодону донишҷӯёни донишкада дар бисёр озмунҳо, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат варзида, соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Умедворем, ки онҳо дар соли нав низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда, обрӯи донишкадаро дар байни муассисаҳои таҳсилоти  олии кишвар боз ҳам баланд мебардоранд.

   Пас аз сухани табрикии ректори донишкада намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid”, ки муаллиф ва таҳиягари он Фарҳод Махсудзода буда, ёварони коргардон Ашӯрмад Ғуломов ва Рустам Воҳидӣ мебошанд, пешкаши ҳозирон гадонда шуд.

   Ғояи асосии намоиш аз он иборат аст, ки неруҳои бадӣ дар симои Аҷузасоvid ва қувваҳои  некӣ дар симои Бобои Барфӣ барои соҳиби калиди соли 2022 шудан, ба ҳам мубориза мебаранд. Аҷузасоvid бо фиребу найрангҳои худ мардумро ба бемории сироятии коронавирус гирифтор намуда, мехоҳад  бо ҳамин роҳ ба мақсад бирасад. Аммо Бобои Барфӣ аз ин нияти бади Аҷузасоvid огоҳ шуда, аз мардум даъват ба амал меорд, ки дар маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19 фаъолона ширкат варзида, ҷони худу атрофиёнро дар хатар нагузоранд. Ин даъвати Бобои Барфӣ аз ҷониби мардум бо хушнудӣ пазируфта шуд ва онҳо аз ин бемории сироятӣ раҳо ёфтанд. Ниҳоят, калиди соли 2022 насиби Бобои Барфӣ, яъне неруҳои некхоҳ гардид.

   Маврид ба зикр аст, ки намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid”-ро иштирокдорон бо кафкӯбиву шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

   Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкурро 25-уми декабр наберагон ва фарзандони хурдсоли кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд.

   29-уми декабр бошад, “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid” пешкаши наберагон ва фарзандони хурдсоли кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филиали БДА “Амонатбонк 06 дар ноҳияи Фирдавсӣ”, Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонда шуд.

   Дар доираи намоиши театронидашудаи “Найрангҳои солинавии Аҷузасоvid” барномаи консертии солинавӣ, ки фарогири шеърҳои “Хуш омадӣ, эй Соли нав”, “Духтар гули ноёфтӣ”, “Ҷавонӣ”, “Соли нав”, “Ёр омада”, “Эй шӯх”, ғазали “Биё эй гул” ва рақсҳои ҷолиб буд,  хотири аҳли толорро болида гардонд.

Додоҷон РӮЗИЕВ