Ба ҳаводорони адабиёт ва шеъри ноби беш аз ҳазорсолаи тоҷик мерасонем, ки монографияи муовини ректор оид ба илм ва рушди  инноватсионии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ бо унвони “Шеъри маснуъ ва оғози рушди он дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои XI-XII)” мунташир гардид.

        Монографияи мазкур зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул омода гардида, ба таҳқиқи яке аз масъалаҳои муҳимми адабиётшиносии тоҷик – шеъри маснуъ ва оғози рушди он дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф мабоҳиси назарию амалии шеъри маснуъ, марҳилаи оғозини рушд, воситаҳои бадеии он ва ашъори маснуи шоиронеро ба монанди Қатрони Табрезӣ, Рашидии Самарқандӣ, Рашидаддини Ватвот, Қавомии Мутарразӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ ва Адиб Собири Тирмизӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст.

     Китоб барои муҳаққиқони назария ва таърихи адабиёти тоҷик, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаҳои филологии донишгоҳҳо ва инчунин, барои доираи васеи алоқмандони таърихи адабиёти тоҷик пешбинӣ шудааст.

        Қайд кардан зарур аст, ки Аминӣ Алишер Файзуллоҳ муаллифи беш аз 40 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ, 2 монография, 2 дастури таълимӣ, 3 барномаи таълимӣ ва таҳиякунандаи матни дуҷилдаи «Майхона»-и Мулло Абдуннабии Фахруззамонӣ аст.

      Ҳамчунин, мавсуф дар конфернсияҳои сатҳи баланди илмии Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳуриҳои Узбекистону Озарбойҷон ва Федератсияи Россия маърузаву суханронӣ кардааст.

     Умедворем, ки ин асари устод Аминӣ Алишер Файзуллоҳ ба ҳаводорони адабиёт ва муҳаққиқони соҳа писанд гардида, дар роҳи шинохти шеъри классикии тоҷик нақши муассир мегузорад.

Синои АБӮАЛӢ

Чоп кунед