Дар доираи чорабиниҳои Фестивали байналмилии «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои  фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» 27- уми октябр, соати 1500 дар толори Шӯрои олимони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода мизи мудаввар дар мавзӯи «Мушкилот, ҳифз ва рушди ойини  ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

   Дар оғози мулоқоти нишасти мизи мудаввар раиси Шӯрои бадеии донишкада Сафаралӣ  Қурбонов меҳмононро бори дигар ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт, хурсандии хешро аз тақвият ёфтани муносибатҳо баён намуд ва аз ҷумла иброз дошт, ки анъанаҳои аз байн рафтаро аз нав барқарор намоем ва он риштаҳои гусастаро аз нав пайванд ва такмил  диҳем. Ҳунарҳои мардумӣ тақвиятбахши ин маҷро мебошанд ва сайёҳӣ низ барои пешрафти ҳунарҳои мардумӣ заминасоз аст.Ӯ афзуд, ки ҳадафҳо ва аҳамияти баргузории Фестивали байналмилалӣ муносибати неки фарҳангии Тоҷикистонро бо кишварҳои олам , хусусан,  кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад.

   Сипас риштаи суханро ба тарроҳи шинохтаи тоҷик  Мукаррама Қаюмова доданд.Ӯ бо шоҳбайти устод Мирзо Турсунзода сухан оғоз кард:

Дӯст  ояд  сахт  дар  оғӯш  гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун!

   Муаллима барои ташриф аз меҳмонон ва ҳозирин ибрози сипос намуда, барои пешрафти кори фестивал барор таманно намуд ва самаранок гузаштани чорабиниҳои онро хоҳон шуд. -Ҳунарҳои мардумӣ, – гуфт муаллима,- ин, пеш аз ҳама, бо ҷои кор таъмин шудани як гурӯҳи зиёди мардум аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми андозҳоро аз дӯши ин гурӯҳи мардум дар кишвари мо бардошт ва имконоти фаровонро барояшон муҳайё намуд. Мо дар ин солҳо Бунёди ҳунар созмон додем. Дар Осиёи Марказӣ мо ҳамкориро рӯз ба рӯз тақвият мебахшем. Бо ҳамкори қирғизам Гулмира Акматова дар фарҳанги ҳунарҳои мардумӣ ҳамкории густарда дорем.

   Гулмира Акматова тарроҳ аз Қирғизистон ба сухан баромада, аз садорати донишкада изҳори миннатдорӣ намуд, ки имконоте барои мустаҳкам намудани равобити фарҳанги ҳунари мардумӣ фароҳам овардаанд. Ин сабаби перафти ҳунарҳои мардумӣ хоҳад шуд.Изҳор  дошт, ки ӯ чӯпондухтаре мебошад, ки  дар дашту даман, дар  иҳотаи  гӯсфадон ба воя расидааст ва риштаи пашмиро хуб медонад. -Аввалин коре, ки кардам, – таъкид кард Гулмира, — тағйирот дар шерозаи якранги кулоҳи қирғизӣ буд. Мо бо хуҷандиён ҳамкориҳои зиёде доштем ва дорем. Мо дар якҷоягӣ мағлубнопазирем.

   Намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хомидназар  Худойназаров , ки устои созтарош аст, аз муносибатҳои нави байни ду давлати ҳамсоя изҳори хушнудӣ намуд ва барои ривоҷи бештари муносибатҳо хоҳон шуд. Ӯ, аз ҷумла зикр кард, ки имкон дорад донишҷӯёни тоҷик дар устохонаи Консерваторияи Тошкант ҳунари созтароширо омӯзанд. Мо устоҳоро тайёр мекунем, ки силсилаи асбобҳои мусиқиро омода мекунанд. Масалан, силсилаи дуторҳо, ғижжакҳо, рубобҳо ва ғайра. Мо  дастӣ  асбоб месозем, сохти фабрикиро қабул надорем, зеро сохти фабрикавӣ ба талаботҳо ҷавобгӯ нестанд. Мо омодаем, ки дар назди донишкадаи шумо низ як устохонаи созтарошӣ бунёд созем. Боварӣ дорам, дар ин самт муносибатҳоямон барқарор ва вусати тоза меёбанд.

   Муфараҳ Муҳабатов, директори генералии корхонаи Рухом, номзади илмҳои гиология,  ба сухан баромада, нахуст аз ташкиди чунин фестивали созанда ба раёсати донишкада изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки ин фестивал муҳим ва  саривақтӣ буда, ба манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад.

   Дар анҷом, раиси Шӯрои бадеии донишкада  Сафаралӣ  Қурбонов  ба меҳмонон ҷиҳати саҳмгирии амиқ дар инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва густариши дӯстиву  робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари ҷаҳон муваффақият орзу кард .

А. ҒОИБЗОДА,

устоди кафедраи филология

[metaslider id=1849]