«Дар осори бузургони ҷаҳон нақши занону модарони диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад.»
Театр ва шинохти ҳунарманди театр, бархӯрдорӣ аз адабиёту санъат фарҳанги фардии ҳар як инсонро баланд бардошта, ӯро дар ҷомеа ашхоси фарҳангӣ мегардонад. Аз ин рӯ дар ҷомеаи мо муассисаҳои фарҳангии театрҳои касбӣ фаъолият мекунанд, ки бо ба саҳна гузоштани асарҳои баландмазмун мардумро ба роҳи рости ҳаёт талқин менамояд.
Пас, баҳо додан ба ҳунари ҳунармандони театру синамо аз он сарчашма мегирад, ки то чӣ андоза нақшҳои офаридаашон ба ҳиссу дарки тамошобин таъсир мерасонад ва мавриди писанди онҳо қарор мегирад. Дар саҳнаи театр ҳунармандони зиёде фаъолият менамоянд, ки ҳунари баланди онҳо марзи театрро убур карда ба майдони синамо доман паҳн намудааст. Лекин дар ҳар ду ҳолат рисолати ҳунарманд ба як самт нигаронида шудааст, ки ин ҳам бошад тарбияи насли наврасу ҷавон аст. Агар ба таърихи намоишномаҳои театру синамо назар афканем, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушараффа Қосимова пеши назар падидор мегардад. Ин намо дар симои зоҳирии зан-модари тоҷик, ки дар ботини хеш сабру таҳаммул, некӣ ва накӯкориро қарор дода, ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғиб менамояд, зуҳур меёбад. Театр воситаи тарбияи маънавии ҳар як шахс дар ҷомеа ба шумор меравад, ки дар он меҳнати шабонарӯзӣ ва қурбонии ҳунарманд дар касби худ дида мешавад.
Театру синамо ҳамчун воситаи тарбияи насли инсоният аз қадим пайдо шуда, дар ҳар марҳилаи рушди он рӯи саҳна ва майдони синамо ҳунармандоне нақшофарӣ кардаанд, ки новобаста ба гузашти солҳо имрӯзҳо аз тамошои ҳунари онҳо баҳравар мегардем, андеша меронем, муҳокима мекунем ва ба чунин хулоса меоем, актёри театру синамо касе шуда метавонад, ки маҳорати баланд ва завқи беандоза ба касби худ дошта бошад. Мактаби ҳунарӣ дар самти таёр кардани актёрҳои касбӣ, агарчи беш аз як аср фаъолият дошта бошанд ҳам, лекин ҳунари касби актёрӣ дар мактаби тоҷик заминаи чуқуртар дорад, яъне дар саҳнаи театру синамои тоҷик «гулҳои худрӯй» рӯида гулбоғи театрро шукуфону муаттар сохтаанд. Мушараффа Қосимова аз шумори он занони ҳунарманди театр ва кино мебошад, ки бо ҷаззобияти нақшофарӣ дар дили мардуми тоҷик ҷой гирифтааст.
М. Қосимова дар фаъолияти беш аз нимасраи худ дар театр ва синамо нақшҳои асосӣ ва эпизодиро хеле барҷаста бозидааст. Драматургия дар театр аз мавзӯъҳои ҷовидона аст, ки Мушараффа Қосимова ба воситаи нақшҳои офаридааш дар ботини ҷавонон тарзи муносибат, рафтору гуфтор, зебоӣ, муҳаббат ба диёр, эҳтироми ҳамдигар, эҳтироми падару модар, покӣ ва садоқатмандӣ, баландҳимматӣ, ҷавонмардӣ , фидокорӣ, нексириштию накукорӣ, ҳисси ифтихори миллиро бедор сохта онҳоро дар рӯҳияии хештаншиносӣ тарбия менамояд.
М. Қосимова 19 декабри соли 1918 ба дунё омадааст. Аз оинаи таърих зиндагиномаи ин зани ҳунарпеша барои ҳамагон маълум аст, зеро дар он замон ҳодисаю воқеаҳои ба амаломада дар Тоҷикистон таъсири худро ба ҳаёту зиндагии ӯ расонда буд. Бо камол ёфтани Мушарафа Қосимова саҳнаи театру синамои тоҷик авҷи дигар гирифт. «Аввалин нақши ӯ Ассия аз намоишномаи «Оршин-мол-олон» буд. Нақши Мария Антоновнаро аз намоишномаи «Муфаттиш»-и Гогол бозид, ки дар аввал барояш душвор буд. Охир ӯ дар зиндагӣ як шахси тамоман дигар аст. Ин қадар нозу карашма ва хислатҳои зишту қабеҳро чӣ тавр дар ниҳоди худ ҷой кунонад. Муҳаммадҷон Қосимов устоди саҳнаи тоҷик ҳам борҳо ӯро таъкид мекард: дар саҳна ончунон бозӣ кардан даркор, ки худи зиндагӣ бошад,. Ҳамин чиз роҳнамои кори эҷодиаш дар тамоми умр гардид. дигар вақте ки ба саҳна мебаромад тасаввур мекард, ки байни мову тамошобин як қадам роҳ аст.» Нақшҳои асосию таъсирнокро ӯ ба иҷро мерасонд.
Соли 1989 дар таърихи санъати театри тоҷик Театри анъанаҳои миллии тоҷик «Гаҳвора» ба фаъолияти худ оғоз бахшид, ки ба он санъатшинос Малика Ҷӯрабекова асос гузошта, роҳбарӣ мекард. Дар аввалин намоиши театри «Гаҳвора» «…М. Ҷӯрабекова барои санъати қадимаи ниёгонамонро бо тамоми нозукиҳояш ба мардум пешкаш намудан, меҳнати зиёде кардааст. Махсусан суруди «Алла», ки дар иҷрои ҳунарманди шоиста М. Қосимова иҷро шуд, писанди мардум гардид.». Мушараффа Қосимова дар намоишномаи С. Улуғзода «Гавҳари шабчароғ» нақши яке аз занҳои соддаи хонашинро хеле хуб нақшофарӣ кардааст. Симои зоҳирии ин зани фарҳангӣ гӯё барои театр офарида шуда бошад. Ҳунармандоне, кибо ӯ шиносоӣ ва ҳамкорӣ доштанд хотираҳои худро ёдовар гардида, гуфтаҳои моро тақвият мебахшиданд.
«Ман дар саҳнаи театр нақши яке аз актрисаҳои машҳури гурҷӣ – Елена Гуриели аз намоишномаи «Ворисон»-и Чихаидзе мебозидам. Нақше, ки ман меофаридам зани калонсол, мӯи сараш сафед буд.Чун ман ҷавон будам ва мӯи сари ман сиёҳ буд, пардозгар (гримиёр) барои сафед кардани он заҳмати зиёд кашид, лекин ба мақсад мувофиқ намеомад. Лозим донистанд, ки аз мӯи сари Мушараффа Қосимова барои ман парик (мӯи сари сунъӣ) таёр кунанд. Ӯро розӣ кунондем ва Юра Губаненко, париксози театр аз мӯи он барои ман мӯи сари сунъӣ сохт ва бо он нақшро иҷро кардам. Нақш ҳам аз намуди зоҳирӣ ва ҳам ботинан хубу таъсирнок баромад. Симои зоҳирии Мушараффа Қосимова табиатан барои нақши модар мувофиқ буд, аз ин рӯ бештар ӯро барои бозидан нақши модарро медоданд. Он кас нақшро хуб бозӣ мекарданд, ки имрӯзҳо ҳам мухлисон аз он ёдовар мешаванд». Ин хотирае буд, ки Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова ба мо баён доштанд.
Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодиров дар бораи Мушараффа Қосимова хотиаи хешро чунин баён намуд: « Соли 1986 буд. Ман дар Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов директор ва ҳам роҳбари бадеӣ будам. Мақсад гузоштам, ки бо ветеранҳои театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи «Торҳои муҳаббат»-ро аз рӯи асари Қутбӣ Киром ба саҳна гузорам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Мавзӯи намоишнома фарогири ҳаёти давраҳои Ҷанги бузурги ватанӣ дар ақибгоҳ буд. Дар ин намоишнома Мушараффа Қосимова нақши зани нобиноро иҷро мекард. Модар аз хаткашон мактуб мегирад ва шодон ба хона меояд. Дар роҳ ба писараке медиҳад, ки мактуби писарашро хонад ва аз аҳволи писараш воқиф гардад. Мактубро писарак бо ҳиҷо мехонад, ки дар он бо забони русӣ фавти писараш навишта шудааст. Модар ба мазмуни он сарфаҳм намеравад ва мегӯяд: «- Наход, писари ман, забони модариашро гум карда бошад…», чун аз асли воқеа хабардор мегардад, наърае мекашад, ки тамошобин аз ҳолати ботинии ин модар огаҳ мегардад, дарди ӯро ҳис мекунад, дилаш ба риққат меояд ва бовар мекунад. Дар ин намоишнома нақши Мушараффа Қосимова нақши хурд (эпизодӣ) буд, лекин дар баробари нақши асосӣ аз тарафи тамошобин баҳо дода шуд ». Аз ёддошти ду нафар ҳунарманд, ки яке рӯи саҳна нақш офаридаю дигар рӯи саҳна намоиш гузоштааст, хулоса кардан мумкин аст, ки ин ҳунарманд дар ҳама ҳолат нақши зан – модари фарҳангиро ба иҷро расонидааст. Ҳатто дар порчаи ин намоишнома дар андешаи он не, ки писараш дар чӣ вазъ аст, аз он мутаассиф шудааст, ки фарзандаш «забони модариашро гум» кардааст.
Дар эҷодиёти ҳунарпеша нақши зан-модар ҷои намоёнро дорад. Дар намоишномаи «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аввалин нақши «Модар»-ро бозид. Ин нақш барояш зиндагию дунёи рангини модаронро кашф намуд. Мушараффа Қосимова дар фаъолияти кори худ зиёда аз 35 нақши модарро ба иҷро расонидааст, ки дар аксари онҳо модари мушфиқу меҳрубонро симоофарӣ кардааст.
М. Қосимова –Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар саҳнаи театр нақшҳои Латофат аз намоишномаи «Тӯй»-и С. Ғанӣ (соли 1958), Баҳор аз намоишномаи «Ҳаёт ва ишқ» -и Ф. Ансорӣ (соли 1958), Марианна аз намоишномаи «Қиссаҳои модар»-и М.Горкий (соли 1968), Модар аз намоишномаи «Беватан»-и С. Сафаров (соли 1970), Бӯстонбибӣ аз намоишномаи «Модарони азиз»-и А. Қаҳоров (соли 1972), Булбул аз намоишномаи «Тарсончакҳо»-и Ғ. Абдулло, Ш.Қиёмов, М. Рабиев (соли 1978), Фармонбибӣ аз намоишномаи «Исёни арусон»-и С. Аҳмад (соли 1982) бозидааст. Дар ин нақшҳо симои ӯ тимсоли модари дилсӯзу мубориз ва ташнаи ҳаёт, барҳамзанандаи душвориву монеаҳои ҳаёт ва покдил таҷассум ёфтааст.
Мавриди таваҷҷуҳи мухлисони намоишномаҳои телевизионӣ солҳои 80-уми асри гузашта, қарори гирифтани намоишномаи телевизионии «Дидор» аз рӯи асари Бобоҷони Икром, ки дар он Мушараффа Қосимова дар нақши модар, Ҳотам Нуров дар нақши писар, Савринисо Сабзалиев дар нақши келин, Бурҳон Раҷабов, Ортиқ Қодиров, Латофат Барзӯева дар нақши ҳамсояҳоро иҷро мекарданд, дар он буд, ки ин спектакл аҳамияти хосаи тарбиявӣ дошт ва аҳли ҷомеаро ба эҳтироми якдигар даъват менамуд. Мазмуни асосии намоишнома аз он иборат буд, ки модари танҳо фарзанди ягонаи худро тарбия намуда, соҳибкасб ва оиладор кардааст. Фарзанд барои адои вазифаи худ зиндагиашро дар шаҳр мегузаронад ва модари якаю танҳояш дар деҳа мемонад. Муҳаббати самими аҳли деҳа ва ҳасояҳо модарро ба зиндагии деҳот одат кунонда буд. Модар фарзандашро, ки Абдуҷабборҷон ном дошт хеле пазмон мешавад. Бо гузашти солҳо фарзанд ба дидрбинии модар меояд. Модар ба пешвози фарзанд мебарояд, бо меҳру муҳаббат навозиш карда, сару рӯи ӯро силлазанон то ҳавлии худ меорад. Аз нӯшу неъмати дар бисоташ дошта ба пеши ӯ мегузорад ва ҳар лаҳза хоҳиш мекунад, ки аз таъомҳои пухтааш чашаду хӯрад. Меҳри азалии фарзандӣ Абдуҷабборро намегузорад, ки модарро танҳо дар деҳа гузорад. Барои давоми умри худро дар иҳотаи келину набераҳояш гузаронидан, ӯро розӣ ва бовар мекунонад, ки ҳамроҳаш ба шаҳр назди келину набераҳояш равад, онҳо аз меҳмон шудани ӯ хушҳол мешаванд. Модар розӣ мешавад ва ҳамроҳи писараш ба шаҳр меравад. Дар шаҳр келинаш ба ӯ эътибор намедиҳад, ба меҳрубониҳои хушдоманаш дағалона муносибат мекунад. Модар бо баҳонаи пир шудани сафараш ва ёд кардани ҳамсояҳояш аз писараш хоҳиш мекунад, ки ӯро ба хонааш ба деҳаи азизаш назди ҳамсояҳояш барад. Боре ҳам аз муносибати дурушти келинаш пеши писараш лаб намекушояд.
Писараш ӯро ба деҳа меорад ва модар аз молу матои дар сандуқ доштааш барои ҳамсояҳояш савғо мегирад. Ҳамсояҳои муштоқи дидор ба дидорбинии кампир меоянд. Кампир аз зиндагии писару келинаш таърифи зиёд карда, ба онҳо савғоҳои худро медиҳад. Ҳамсояҳо хушҳол мешаванд. Баъди ҳафтае модар бемор мешавад ва аз дунё мегузарад. Фарзандаш баъди ҳафтае воқиф гардида ба хонашон меояд, ки дигар аз он суде нест.
Дар ин намоишномаи телевизионӣ Мушараффа Қосимова нақши зан-модари ғамхору меҳрубон, хушмуомила ва бо сабру таҳаммул, пандиҳандаро бозӣ кардааст, ки то ҳанӯз мухлисон атрофи он сухан мегӯянд ва таассуф мехӯранд, ки чунин намоишномаҳои телевизионӣ аз телевизионҳои тоҷик дур шудааст.
Дар намоишномаи телевизионии «Дидор»-и Бобоҷони Икром проблемаи маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати падару модарон ва хешу таборон дар шакли хеле пукршиддати драмавӣ инъикос ёфтааст. Ин мавзӯъ то имрӯз ҳамчун мавзӯи доғи муносибатҳои оилавӣ боқӣ мондааст. Дар он симои як зани деҳотии меҳрубон ва беғараз таҷассум ёфтааст.
Фаъолияти ин ҳунарпешаи бомаҳорат дар кинои тоҷик назаррас аст. Ӯ дар филмҳои бадеӣ ва бадеӣ- телевизионӣ ««Дохунда» (соли 1956), «Дӯсти ман Наврӯзов» (соли 1957), «Ниссо» (1966), «Одами даркорӣ» (соли 1967), «Хати парвоз» (филми телевизионӣ соли 1971), «Як ҳаёт кам аст» (соли 1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (соли 1980), «Муфаттиш ва ҷинояткор» (соли 1981), «Бозгашт» (1989), «Дарди ишқ» (соли 1989), «Ашк ва шамшер» ( 4 серия филми телевизион 1991), «Марди мутааллиқи ду зан» (сол 1991), «Фаришта» (соли 2010)» ҳунари худро санҷида, комёб гардидааст. Маҳорати баланди касбии ин ҳунарпеша фазои эҷодии ӯро васеъ гардонид ва ӯ дар филмҳои «Бачагии Насриддин» дар киностудияи ба номи М. Горкий соли 1974, «Шикасти афғон» дар студияи «Ленфилм» соли 1990 низ даъват шуда, нақш офаридааст.
«Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таърихи адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.» ин суханронӣ, ки дар мулоқот бо занони мамлакат 7 марти соли 2007 баён ёфт дар ҳаёти Ҳунарпешаи шоиста Тоҷикистон Мушараффа Қосимова ба мушоҳида мерасад ва алоқамандӣ дорад. Зеро ӯ дар баробари фаъолияти ҳунарпешагӣ тарбияи фарзандонро хуб ба роҳ монда, ба соҳаи фарҳанги тоҷик ва саҳани театр Мумтоз Усмонов, Фаррух Қосимов, Хуррам Қосимов, Сабоҳат Қосимова (келинаш), Фирдав Қосимов (наберааш)-ро овард, ки имрӯз асарҳои ба саҳнагузоштаи онҳо ва нақшҳои бозидаашон тарғибгари адабиёту санъати тоҷик гардидаанд.
Мо гуфта наметавонем, ки ҳами истеъдоди ин ҳунарпешаи мумтоз комилан истифода шуда бошад. Вале он нақшҳое, ки мо номбарашон кардаем нишон медиҳанд, ки Мушараффа Қосимова дар радифи беҳтарин ҳунарпешагони Тоҷикистон қарор гирифтааст ва дар симои ӯ ҳар як тоҷикистонӣ модари меҳрубони худро дидааст.
Мутаасифона фавти Мушараффа Қосимова- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки 2 апрели соли 2019 ба вуқуъ пайваст, яке аз беҳтарин намояндагони санъати тоҷикро аз байн бурд.
Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Мушараффа Қосимова намунаи ибрати инсони наҷиб, меҳрубон ва самимӣ буда, хотираи дурахшонаш дар дили ҳаводорони санъаташ абадӣ боқӣ мемонад.
Бобоҷон РАҲИМОВ, омӯзгор